Душанбе. 31-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ президент ва мардуми Ӯзбекистонро бо соли нави мелодӣ табрик кард. Дар ин бора оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон – УзА хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, сарвари давлати Тоҷикистон унвонии президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов барқияи табрикотӣ ирсол намудааст. Дар он Эмомалӣ Раҳмон «ба Ислом Каримов ва тамоми мардуми дӯсту бародари ӯзбек дар соли нави 2009 комёбиҳо таманно кардааст».