Дар шаҳри Панҷакент бар асари як ҳодисаи нохуш 7 корманди Корхонаи воҳиди давлатии Обу корез (“Водоканал”) ба ҳалокат расиданд. Фоҷиа шоми шанбеи 13-уми май дар кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон рух додааст. Дар ин бора аз шаҳрдории Панҷакент ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, коркунони Корхонаи Обу корези шаҳр қубурҳои канализатсияро таъмир мекарданд. Ба онҳо ду сокини маҳаллӣ кумак карданд.
“Мутаассифона, дар ҷараёни кор ҳама аз зиёд будани газ дар қубурҳои таъмиршаванда беҳуш шуданд. Сокинони маҳаллӣ онҳоро берун кашида, ёрии таъҷилиро даъват карданд, вале дар роҳ ба беморхона 7 нафар ҷон доданд”, – афзуданд дар шаҳрдории Панҷакент.
Дар миёни кушташудагон сармуҳандиси ин корхона низ ҳаст.
Баҳром Исломзода, раиси Корхонаи воҳиди давлатии Обу корези Панҷакент аслан аз ноҳияи Данғара буда, ҷасадаш ба онҷо фиристода шудааст. Ҷасади Ҷамолиддин Назиров, ки ба гуфтаи манбаъ, ӯ низ аз ноҳияи Данғара будааст, ба зодгоҳаш фиристода шудааст.
Ҷасади Дилшод Маҳмудов, Ғайрат Мустафоев, Ҳамроқул Самадов, Ризо Мустафоев, Саидҷон Самадов субҳи 14 май дар қабристони Таги Камари шаҳри Панҷакент ба хок супурда шуд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ду сокини маҳаллӣ Рустам Бобокалонов ва Комилҷон Бобоев, ки дар ин ҳодиса осеб дида, дар беморхонаи марказии Панҷакент бистарӣ шуда буданд, ҳоло мураххас шудаанд ва вазъи онҳо таҳти назорати табибон қарор дорад.
Мақомот мегӯянд, ки таҳқиқи ин ҳодисаро оғоз кардаанд.