Субҳи имрӯз, 16-уми май, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар Саммити сарони давлатҳои “Чин+Осиёи Марказӣ” вориди Чин шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав ҳамроҳӣ менамоянд.
Ҳамчунин, ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, раисони кумитаҳои телевизион ва радио, бехатарии озуқаворӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ба Чин сафар карданд.
Рӯзи душанбеи 15-уми май Вазорати корҳои хориҷии Чин расман аз нахустин чорабинии муҳими дипломатӣ дар ин кишварро хабар дод. Сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар шаҳри Сиан (маркази маъмурии музофоти Шэнси, шимолу ғарби Чин) ҷамъ меоянд. Мулоқот бо даъвати шахсии раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин баргузор мешавад.
Ин нишаст рӯзҳои 18-19 май баргузор мешавад, аммо сафарҳои раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 16 то 20 май идома хоҳанд кард.
Намояндаи вижаи ВКХ-и Чин Ван Вэнбин чанд рӯз қабл ба хабарнигорон гуфт, ки саммити Чин-Осиёи Марказӣ аҳамияти даврониро хоҳад дошт ва саҳифаи навро дар рушди равобити кишварҳо заминагузорӣ мекунад.
Формати нишасти С5+Чин аз соли 2020 вуҷуд дорад. Ин ҳамоиш аллакай чаҳор маротиба дар ҳайати сарони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар солҳои 2020-2023 баргузор шудааст. Дар доираи президентҳо ин чорабинӣ бори аввал баргузор мешавад.