Зинаи назоратии Додгоҳи олии Тоҷикистон дар асоси эътирози додситонӣ ҳукми зинаи кассатсионии ин додгоҳро бекор карда, муҳлати ҳукми Бибикалон Назирова, хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ (Абдуалимзода)-ро, ки барои ба худкушӣ расонидани келинаш зиндон шуда буд, тағйир додааст: ӯ дубора 7 сол равонаи зиндон шуд
Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манораи Абдуфаттоҳ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, зинаи назоратиии Додгоҳи олӣ аз рӯи эътирози додситонӣ ва аризаи онҳо парвандаро дубора тафтиш карда, имрӯз, 16-уми май қарор кард, ки хушдомани духтараш на 5, балки 7 сол дар зиндон бояд монад.
Моҳи ноябри соли гузашта Додгоҳи ноҳияи Файзобод Бибикалон Назирова, сокини ин ноҳияро барои “ба худкушӣ расондан”-и келинаш (қисми 2-и моддаи 109) гунаҳкор дониста, 7 сол равонаи зиндон карда буд.
Вале 29-уми ноябри соли 2022 зинаи касситсионии Додгоҳи олӣ дар асоси шикояти наздикони Назирова ҳукми додгоҳи Файзободро бозбинӣ карда, муҳлати ҳукмро 2 сол кам карда буд.
Он замон наздикони Манораи Абдуфаттоҳ гуфта буданд, ки бо ҳукми зинаи кассатсионии Додгоҳи олӣ розӣ нестанд ва ба зинаиҳои болоӣ-назоратӣ шикоят хоҳанд бурд.
“Мо аз рӯи ҳукми Додгоҳи олӣ ба додситонӣ ариза навишта будем. Дар асоси аризаи мо, эътирози додситонӣ пешниҳод шуд. Имрӯз, додгоҳи зинаи назоратӣ 5 соли ҳукмро кам дониста, ӯро дубора 7 сол зиндонӣ карданд. Мо барои адолатхоҳӣ 2 сол кӯшш кардем, ҳоло аз ҳукми имрӯзаи додгоҳ розием”, – гуфт Абдуфаттоҳ Мисоқов.
Назари наздикони Бибикалон Назирова дар бораи ҳукми Додгоҳи олӣ маълум нест ва ҳамин тавр аниқ нест, ки онҳо аз қарори зинаи болоии додгоҳ розианд ё не.
Дар яке аз мурофиаҳои додгоҳӣ, Бибикалон Назирова дар марги келинаш Манораи Абдуфаттоҳ худро қисман гунаҳкор ҳисобида буд.
Ёдовар мешавем, ки наздикони Манораи Абдуфаттоҳ, ки ҷасадаш моҳи июни соли гузашта дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд ёфт шуд, чанд маротиба ба мақомот муроҷиат карда, хостори ҷазо додани наздикони шавҳари Манора шуда буданд. Онҳо даъво доштанд, ки духтарашон худкушӣ накардааст ва наметавонист, ки худаш дар баданаш 26 корд занад.
Баъдан, Додситонии кулли кишвар пас аз тафтиши пешакӣ далели марги Манораи Абдуфаттоҳро худкушӣ номида буд.
Ин ниҳод гуфта буд, ки бо гузаронидани амалҳои зиёди тафтишотӣ ва экспертизаҳои судии гуногун, муайян карда шудааст, ки сабаби марги ҷавонзан хунравӣ аз 3 ҷароҳати халанда ва буранда дар мавзеи гардан ва шикам бардоштаи ӯ гаштааст. Пайвандону наздикони ҷавонзан мегӯянд, ки ба гумони ғолиб, ӯро куштаанд.
Манораи Абдуфаттоҳ се фарзанд дошт ва ҳангоми рух додани ин ҳодисаи фоҷеабор шавҳари Манора дар муҳоҷират дар Русия қарор дошт. Оилаи шавҳари зани фавтида аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд.