Фазлиддин Сангов, як ҷавони 21-солаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Данғара аз таркиши гулӯла (снаряд) ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора Ризо Умар, раиси ҷамоати деҳоти Шӯроободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Манбаъ гуфт, Фазлиддин Сангов рӯзи 6-уми майи соли равон ҳамроҳи бародар ва се рафиқаш вақти сайругашт дар куҳ снаряди нокафидаро пайдо мекунанд ва он дар дасти марҳум мекафад.
“Ҳарчанд ҳамроҳонаш ба ӯ мефаҳмонанд, ки ба он даст нарасонад, вале ӯ снарядро ба даст мегирад ва он дар дасташ мекафад, Фазлиддин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад”, – шарҳ дод Ризо Умар.
Ҷасади Фазлиддин Санговро 7-уми майи соли равон дар қабристони деҳаи Хоҷағалтон, зодгоҳаш ба хок супориданд.
Фазлиддин Сангов ятими кул буда, соле пеш дар пайи як ҳодиса падар ва модари ӯ ба ҳалокат расида буданд.
Ризо Умар мегӯяд, масъулини додситонии ноҳия дар пайи ин қазия бо шоҳидон гуфтугӯ карда, баёноти онҳоро гирифтаанд, вале парвандаи ҷиноятӣ боз нагардидааст.
Тибқи хулосаи онҳо, ҳодиса аз беэҳтиётӣ рух додааст. Назари шоҳидон ва мақомот маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳамсарҳад бо ноҳияи Роғистони вилояти Бадахшони Афғонистон аст ва то ба ҳол гулулаҳои маргбор дар ин минтақа дида мешавад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки заминҳоро аз снарядҳо тоза кардаанд, вале сокинони маҳаллӣ аз кафидани онҳо ҷон мебозанд.