Ҳамдардии мардуми Тоҷикистон ба мардуми Эрон. Сироҷиддин Муҳриддин бо Аббос Ароқчӣ суҳбат кард

Сироҷиддин Муҳриддин ва Аббос Ароқчӣ, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар як гуфтугӯи телефонӣ робитаҳои дуҷониба ва таҳаввулоти минтақа пас аз ҳуҷуми Исроил ва Амрико ба хоки Ҷумҳурии Исломиро баррасӣ кардаанд. Тибқи иттилои Сафорати Эрон дар Душанбе, ин суҳбат рӯзи гузашта сурат гирифта, дар он Сироҷиддин Муҳриддин бори дигар ҳамлаи низомии Исроил ва Амрико ба […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Сироҷиддин Муҳриддин ва Аббос Ароқчӣ, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар як гуфтугӯи телефонӣ робитаҳои дуҷониба ва таҳаввулоти минтақа пас аз ҳуҷуми Исроил ва Амрико ба хоки Ҷумҳурии Исломиро баррасӣ кардаанд.

Тибқи иттилои Сафорати Эрон дар Душанбе, ин суҳбат рӯзи гузашта сурат гирифта, дар он Сироҷиддин Муҳриддин бори дигар ҳамлаи низомии Исроил ва Амрико ба Эронро ғайриқонунӣ дониста ва маҳкум кардааст.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар идома аз номи худ ва аз номи мардуми Тоҷикистон ба мардум ва давлати Эрон ҳамдардӣ баён карда, гуфтааст, ки Тоҷикистон “бовар дорад мардуми бузург ва хирадманди Эрон ин давраро низ бо иқтидор пушти сар хоҳад гузошт”.

Аббос Ароқчӣ аз мавқеи давлати Тоҷикистон дар маҳкум кардани ҳамлаҳои беасоси Исроил ва Амрико ба Эрон изҳори қадрдонӣ кардааст.

Вазири умури хориҷаи Эрон мавқеи кишварҳои минтақа ва исломиро дар маҳкум кардани ин ҳамлаҳо “нишонаи дарки муштараки бахши бузурги ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хатари ҷиноятҳои Исроил” дониста, масъулияти ниҳодҳои марбути байналмилалиро барои муҷозот ва посухгӯ кардани Исроил “дар қиболи нақзи ошкорои ҳуқуқи байналмилалӣ” ёдовар шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин тамоси телефонии вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Эрон пас аз ҳамлаи Исроил ба Эрон аст.

Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри ду изҳороти алоҳида ҳам ҳуҷуми Исроил ва ҳам бомбафкании Амрико ба Эронро маҳкум карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.