Имрӯз аз даргузашти Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси маъруф ва Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон 3 сол мегузарад. Ӯ 13-уми майи соли 2020 дар синни 84 солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ҳоло забоншиносон аз профессор Баҳриддин Камолиддинов ҳамчун инсони дорои фарҳанги воло ва шогирдонаш чун устоди поквиҷдон ёд мекунанд.
Саҳми Баҳриддин Камолиддинов дар рушди забоншиносии тоҷик бориз арзёбӣ мешавад. Имрӯз забоншиносон аз ӯ чун олими пурмаҳсул ва дорои мактаби хос ном мебаранд.
Фарангис Шарифзода, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, ба ин андеша аст, ки Баҳриддин Камолиддинов дар илми забоншиносии тоҷик назарияи комилан навро ворид кард.
Ба қавли Фарангис, пажӯҳишҳои илмии профессор Камолиддинов дар услубшиносӣ ва синтаксис амиқ ва меросии илмии мавсуф дар соҳаи забоншиносӣ пурғановат аст.
“Устод Камолиддинов дар мавриди тарзи сохтори ҷумла, ба вижа ҷумлаҳои дутаркибаи мақсад ва сабаб назарияи комилан навро ба илми забоншиносии тоҷик ворид карданд, ки даҳсолаҳост дар корҳои илмиву пажӯҳишӣ самаранок истифода мешавад”, – мегӯяд Фарангис Шарифзода.
Ҳолнома
Баҳриддин Камолиддинов 8.10.1935 дар ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Соли 1959 факултаи филологияи ДМТ-ро хатм карда, дар кафедраи забони тоҷикӣ ба кор шурӯъ кард. Соли 1966 дар мавзӯи “Забон ва услуби ҳикояҳои Ҳаким Карим” рисолаи номзадӣ ва соли 1988 дар мавзӯи “Муродифоти наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ” рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Солҳои 1992-1994 ба ҳайси ноиби ректори ДМТ ва аз соли 1994 то охири умр дар кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултаи журналистика ҳамчун мудир ва муаллим кор кардааст. Баҳриддин Камолиддинов муаллифи наздики 20 асари илмӣ ва зиёда аз 170 мақолаи илмию методӣ аст. Маъруфтарин асарҳои ӯ “Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ”, “Услубшиносӣ”, “Ҳусни баён”, “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд” ва “Сухандонон сухан санҷида гӯянд” мебошанд.
Ӯ таъкид мекунад, танҳо назарияҳои илмии дар китоби “Наҳви забони тоҷикӣ” пешниҳодшуда кофӣ аст, ки номи Камолиддиновро дар радаи аввали олимони забоншинос ҳаккокӣ кунем.
“Фарҳанги муоширатубаҳс дошт”
Боймурод Шарифзода, директори пешини Институти забон ва адабиёт бошад, аз одоби муошират ва баҳси Баҳриддин Камолиддинов ёд меорад.
Ба гуфтаи Боймурод Шарифзода, андешаву назарияи нав зодаи баҳсанд ва профессор Камолиддинов дар ин хусус мубоҳиси хуб буданд.
“Профессор Камолиддинов фарҳанги баланди муошират ва баҳсороиро доштанд. Андешаи дигар забоншиносонро дар мавриди ҳарфҳои “ӯ” ва “ъ” нозукона рад карда, пойфишорӣ менамуданд, ки ҷойгоҳи ин ду ҳарф ҳамоно чун пештара ҳифз шавад. Он кас аз зуд-зуд иваз карданӣ имло норозӣ буданд ва мегуфтанд, омӯхтанаш ба ҷомеа душвор аст”, – ба ёд меорад Боймурод Шарифзода.
Боймурод Шарифзода таъкид мекунад, ки “дар натиҷаи баҳсҳои Баҳриддин Камолиддинов баъзан дигар забоншиносон андешаҳои худро тағйир медоданд, вале устод ба пешниҳодоти худ пойфишорӣ карда, аз раъяшон ҳаргиз намегаштанд”.
“Устод то умр доштанд, барои рушд ва бақои забони тоҷикӣ талош варзиданд ва мактаби илмии худро сохтанд, ки имрӯз шогирдонашон афкори илмиашонро идома дода истодаанд”, – хулоса мекунад Шарифзода.
Мероси маънавии Камолиддинов
Профессор Мушаррафа Ҷӯраева, яке аз шогирдони Баҳриддин Камолиддинов, ки солҳо бо ӯ дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст, мегӯяд, устод барои покизагии забони тоҷикӣ ба ҳар ҳарфу калимаву ибораву ҷумла таваҷҷуҳ мекарданд ва талош менамуданд, ки ин ҳама дуруст ва зебо навиштаву гуфта шавад.
Баҳриддин Камолиддинов аз оғози соли 2000-ум ба забони матбуот таваҷҷуҳ зоҳир кард ва дар ин замина китоби “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд”-ро ба нашр расонид. Мушаррафа Ҷӯраева мегӯяд, ки пас аз “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад”-и устод Шакурӣ, ин китоби профессор Камолиддинов “назари нав ба мавзӯи кӯҳна” буд.
Ба қавли Ҷӯраева, саҳми устод натанҳо дар илм, балки дар тарбияти олимони ҷавон ва донишҷӯён низ бузург буд. Баҳриддин Камолиддинов тӯли беш аз 60 соли фаъолияти омӯзгориаш садҳо нафар шогирд тарбият намудааст. Бо роҳнамоии ӯ наздики 20 нафар номзад ва доктори илм шуда, ҳоло дар рушди забоншиносии тоҷик саҳми худро мегузоранд.
Профессор Ҷӯраева аз Баҳриддин Камолиддинов ҳамчун инсони хайрхоҳу поквиҷдон ёд карда, таъкид мекунад, ки устод дар муносибат бо шогирдон ҳамеша самимӣ буданд.
“Маслиҳату машварати худро ба ҳеҷ кас дареғ намедоштанд. Шогирдони эшон дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва минтақаҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон зиёданд ва ҳамеша аз устод ба некӣ ёд мекунанд”, – мегӯяд профессор Ҷӯраева.
Шамъи хотира
Ҳоло дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили доимии “Меҳри сухан” ва “Фарҳанги муошират” амал мекунанд, ки дар он донишҷӯён оид ба мавзӯъҳои муҳимми забон ва муошират баҳсҳо меороянд.
Ҳамчунин, дар ин факулта синфхонае ба номи Баҳриддин Камолиддинов боз карда, дар он ҷо китобҳо ва осори илмии олими забардастро гирд овардаанд.
Соле қабл дар зодгоҳи Баҳриддин Камолиддинов – дар ноҳияи Ашт мактаб ва хиёбоне низ ба номи мавсуф гузошта шуд.
Дар ин шарораи хотираҳо симои Баҳриддин Камолиддинов ҳамчун пуштибони оштинопазири покизагии забон падид меояд.
Ёдаш ба хайр!