Меҳриддин Шарипов ва Мутриба Ҳотамӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба шоҳмот, ки дар шаҳри Турсунзода доир гардид, пирӯзӣ ба даст оварданд.
Байни мардон ғолиби мусобиқа Меҳриддин Шарипов аз 9 холи имконпазир 7,5 хол ба даст оварда, Алишер Каримов бо 7 имтиёз ба ҷойи дуюм ва Суҳроб Ҳамдамов бо 6,5 хол – ба зинаи сеюм соҳиб шуданд.
Дар мусобиқа байни занон Мутриба Ҳотамӣ бо касби 7,5 хол аз 8 холи имконпазир зинаи аввал, Рухшона Саидова ва Лидия Антонов бо касби 6,5-холӣ зинаҳои дуюму сеюмро ишғол намуданд.
Дар байни собиқадорон Ашӯр Ёрмадов ғолибият ба даст оварда, зинаҳои дуюму сеюм мутаносибан насиби Зӯрхон Ризвонов ва Олуча Ҷумъаев шуд.
Тавре ки дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов хабар дод, дар муобиқа зиёда аз 60 шоҳмотбоз аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ширкат варзиданд. Ба гуфтаи ӯ, ғолибону ҷоизадорони мусобиқа ҷиҳати иштирок дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии шоҳмот, ки тобистони соли равон дар Ченнаи (Ҳиндустон) доир мегардад, ба ҳайати дастаи мунатахаби Тоҷикистон шомил мешаванд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Федератсияи шоҳмоти ҷумҳурӣ ва ширкати “Сардор-200*” бо мукофоту туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Мусобиқа дар Кохи шоҳмоти шаҳри Турсунзода баргузор шуд. Ин кох аз ҷониби ширкати “Сардор-2008” бунёд гардида, яке аз марказҳои беҳтарин оид ба рушди шоҳмот дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.