spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Зане, ки банкоматҳои “Душанбе сити”-ро бо санг зада шикаст, дастгир шуд

Зане, ки “бонкомат”- ҳои ширкати “Душанбе сити”–ро бо санг зада шикаста буд, дастгир шудааст. Мақомот мегӯянд, ӯ бо нишони эътироз ба далели надоштани маблағ ин корро кардааст, вале аз“Душанбе сити” гуфтанд, дар он замон бонкоматаҳояшон пул дошт.

Дар наворе, ки як ҳафта пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, дида мешавад, ки як зан бо нишони эътироз ду бонкомати “Душанбе сити”-ро  бо санг мезанад. Шоҳидони ҳодиса мегуфтанд, ки ин зан бо нишони эътироз ба далели надоштани маблағ дар бонкомат онҳоро зада шикастааст.

Ин делалро Раёсати корҳои дохили шаҳри Душанбе ба “Азия–Плюс” низ тасдиқ кард. Вале  аз ширкати “Душанбе сити” ба мо  гуфтанд, замоне, ки ин зан бонкоматҳоро зад, дар онҳо маблағ буд.

– Сабаби даст ба ин кор задани ин зан маълум нест. Он замон  дар ин банкоматҳо маблағ буд. Ин занро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт кардаанд, – гуфтанд аз “Душанбе сити”.

Дар ҳамин ҳол, аз РВКД шаҳри Душанбе аз ин зан Меҳрафрӯз Муминоваи 35-сола, сокини деҳаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Темурмалик  ном мебирад ва мегӯяд, ки ӯ, “рӯзи 18-уми майи соли ҷорӣ аз сабаби надоштани маблағ асабонӣ шуда, ба воситаи санг ду адад дастгоҳи худкори бонкии (банкомат) ҶДММ «Душанбе сити»-ро дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансур зада корношоям кардааст”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Меҳрафрӯз Муъминова

– Дар ҳаракатҳои номбурда, ки қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк дида мешавад, барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи лозим тартиб дода шуда, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад,-гуфтанд аз РВКД шаҳри Душанбе.

Бо нишони эътироз бо санг зада корношоям кардани бонкоматҳои яке аз ташкилотҳои қарзӣ дар ҳолест, ки сокинони кишвар ба таври ҳамешагӣ аз набудавни маблағ дар бонкоматҳо шикоят мекунанд.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...