spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Баъди танқиди президент нисбати роҳбари корхонаи зиддималахи Хатлон бо се модда парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд

Додситонии ноҳияи Кӯшониён нисбати Раҷабалӣ Давлатзода, директори филиали “Экспидитсияи  мубориза бар зидди малах” дар Хатлон бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла, ғайриқонуни тақсим кардани  замин, сохтакорӣ ва қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Дар ин бора як манбаъ аз додситонии вилоят хабар дод.

Ин дар ҳолест, ки се ҳафта пеш, 27-уми апрели соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоташ бо фаъолони вилояти Хатлон аз Раҷабалӣ Давлатзода танқид карда гуфта буд, ки ӯ 1 гектар замини мактабро “ба шаҳрвандон ҳамчун замини наздиҳавлигӣ фурӯхтааст”.

“Соли 2015 бо қарори собиқ раиси ноҳияи Кӯшониён 1 гектар замини варзишгоҳи муассисаи таълимии рақами 64 ноҳияи Кӯшониён ба директори филиали муассисаи давлатии экспедитсияи мубориза бар зиди малах дар вилояти Хатлон Раҷабалӣ Давлатзода ҷудо карда дода мешавад. Раҷабалӣ Давлатзода бошад онро ба шаҳрвандон ҳамчун замини наздиҳавлиги тақсим карда мефурушад”, – гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон.

Манбаъи мо аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфт, нисбати  Раҷабалӣ Давлатзода 12 майи соли равон парванда боз шудаааст. Вале маълум нест, ки ӯ боздошт шудааст ё не.

“Раҷабалӣ Давлатзода дар содир кардани ҷиноятҳои дар моддаи 338 иловаи 1 қисми 2 (Ғайриқонунӣ додани қитъаи замин), 340 қисми 2 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп, мўҳр ва бланкаҳои қалбакӣ),  247 қисми 3 (қаллобӣ) гумонбар дониста мешавад”, – гуфт манбаъи мо.

Раҷабалӣ Давлатзода Сурат: asia+

Ҳамчунин, дар баробари ӯ, нисбати ду корманди КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Кӯшониён низ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, онҳо низ барои ғайриқонуонӣ додани замини мактаби 64-и ноҳия гумонбар мешаванд.

Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 апрел дар ноҳияи Данғара, аз қонунвайронкуниҳо дар самти замин дар қаламрави вилояти Хатлон эрод гирифта гуфт, тайи як солу се моҳи сипаришуда дар вилояти Хатлон 7 ҳазору 392 ҳолати қонунвайронкуни ошкор гардида 3 ҳазору 977 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмури кашида шудаанд.

Президент аз даст задани собиқ муовини раиси ноҳияи Восеъ Худоёрзода ва муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳафизов мисол овард ва зикр кард, ки раисони шаҳру ноҳияҳо медонанд, ки зердастонашон даст ба ҷиноят мезананд, чунки “бе иҷозати раиси шаҳру ноҳияҳо касе як бел намезанад, ришта намекашад. Ин барои баъзе раисони шаҳру ноҳияҳо ва кумитаҳои замину дигар як бизнес шудааст”.

Президент илова кард, ки дар умум 21 гектар замини мактабҳо дар вилояти Хатлон худсарона ишғол ва ё ғайриқонунӣ тақсим шудаанд.

Ин бори аввал нест, ки дар пайи танқиди президент мансабдорон ё хидматчиёни давлатӣ аз кор ронда шуда, дар баъзе ҳолатҳо нистабашон паврандаи ҷиноятӣ боз мекунанд. Қаблан, низ чунин ҳолатҳо ҷой дошт, вале баъдан онҳое танқид шуда буданд, танҳо аз сафи мақомот ронда шуданду халос.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...