То охири соли 2022 нахустин гуруҳи шаҳрвандони Қирғизистон барои кор ба Ҷопон хоҳанд рафт. Дар ин бора миёни ду кишвар созишнома ба имзо расид.
Худойберган Бозорбоев, вазири меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон рӯзи 28 май гуфт, "Ҷопон мехоҳад, мутахассисонро аз Қирғизистон ба кор ҷалб кунад".
"Мо ҳоло шаҳрвнадонро барои кор ба Бритониё, Куриёи Ҷанубӣ мефиристем. Дар оянда мо ният дорем, теъдоди кишварҳои муҳоҷирпазирро бештар созем", – гуфт вазир.
Вазири қирғизистонӣ илова кард, шаҳрвандоне, ки ба ин кишварҳо барои пайдо кардани кор мераванд, бояд забон ва қонунгузории кишвари муҳоҷирапазирро донанд.
Дар Қирғизистон 118 оҷонси хусусӣ мавҷуд аст, ки ба пайдо кардани кор барои шаҳрвандон машғул ҳастанд. Ин оҷонсҳо аз Қирғизистон ба 20 кишвар муҳоҷир ирсол мекунанд.
Бино ба иттилои охирин, дар кишварҳои хориҷ 1 млн 118 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон кор мекунад. Аз ин теъдод 1 млн нафар дар Русия муҳоҷир аст.