Корҳои таъмиру навсозии пул дар хиёбони Исмоии Сомонии шаҳри Душанбе, ки моҳи январи соли гузашта ба мавқуф гузошта шуда буд, дубора аз сар гирифта шуд.
Ёдрас мекунем, ки таъмиру навсозии роҳи пиёдагард ва пули автомобилгард дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахтро, ки миёни мардум бештар бо номи пули “Путовский” маъруф аст, ҳанӯз соли 2019 эълон карда буданд.
Қаблан дар Саараёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт зикр карда буданд, ки дар робита ба буҳрони соли 2020 корҳои таъмиру навсозии пул ба таъхир гузошта мешаванд.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” муовини сармеъмори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт Файзулло Искандаров хабар дод, корҳои таъмиру навсозӣ тибқи лоиҳа барқарор карда шуданд.
Дар ҳамин ҳол, дар бораи муҳлати мушаххаси анҷоми ин корҳо маълумот дода нашуд.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби КВД «Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» дар ҳамдастӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 8 майи соли 2019 таҳия шудааст.
Ёдрас мекунем, ки аз соли 2017 то соли 2019 қариб ҳамаи пулҳои калони пойтахт, аз ҷумла дар маҳаллаи 103-юм ва назди автовокзал мавриди таъмиру навсозӣ қарор гирифтанд.