spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Садҳо донишҷӯйи ӯзбекистониро аз як донишгоҳи Қирғизистон ихроҷ карданд

Бештар аз сад донишҷӯи узбекистонӣ, ки дар факултаи тиббии Донишгоҳи давлатии Ҷалолободи Қирғизистон таҳсил мекарданд, ихроҷ шудаанд. Намояндаи донишгоҳ гуфт, донишҷӯён дар бисёре аз дарсҳо иштирок надоштанд.

Донишҷӯён дар навбати худ мегӯянд, аз онҳо "маблағ" мехоҳанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори эътирози донишҷӯён нашр шуд.

"Агар мо назди садорат наравем, вай моро намешунавад. Моро одам намеҳисобанд… Мо аз соли аввал инҷо таҳсил мекунем, аммо ба мо анатомия дарс намедиҳанд. Бидуни донистани анатомия мо чи гуна табиб мешавем. Пул бидиҳӣ – дар донишгоҳ мемонӣ, касе пул надорад – ихроҷ мешавад. Чи кор бояд бикунем?", – мегӯяд яке аз донишҷӯён дар навор.

Омӯзгори факулта Аскар Сейдалиев изҳороти донишҷӯёнро дар бораи талаб кардани пул дар ивази набудан дар дарсҳо тасдиқ кард.

Гулбар Тошиева, декани факулта, баракс, мегӯяд, донишҷӯёне, ки дар дарсҳои зиёд ширкат надоштанд, пештар огоҳ шуда буданд, ки ихроҷ мешаванд.

Вай илова кард, бештар аз 50 донишҷӯ аз Покистону Ҳиндустон низ барои иштирок накардан дар дасрҳо ихроҷ шудаанд.

Дар Донишгоҳи давлатии Ҷалолободи Қирғизистон, ки 3300 донишҷӯ дорад, 400 донишҷӯи он аз Узбекистон ҳастанд. Ба ҷуз ин зиёда аз ҳазор донишҷӯ аз Ҳиндустон, Покистон ва Бангладеш барои таҳсил омадаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...