Узбекистон аз 1 июли имсол бо ҳифзи таҷрибаи субсидия ба истифодаи нерӯи барқу газ меъёри истеъмоли иҷтимоӣ ҷорӣ мекунад, ки дар натиҷа арзиши тарифҳои хидматрасонии коммуналӣ гаронтар хоҳад шуд.
Лоиҳаи қарори ҳукумати Узбекистон "Дар бораи тағйир додани нархи захираҳои сӯзишворӣ ва энергетикӣ" дар он кишвар аз 31 май то 15 июни имсол дар баррасӣ хоҳад буд.
Бар асоси ин қарор, сар аз 1 июл истифодабарандагоне, ки дар биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва хобгоҳҳо зиндагӣ мекунанд, барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ 165 сӯмӣ (0,015 доллар) пардохт хоҳанд кард.
Истифодабарандагони боқӣ то 250 кВт/соат дар моҳ 325 сӯмӣ (0,03 доллар) ва барои 1 кВт/соати зиёда аз 250 кВт/соат дар моҳ 650 сӯмӣ (0,05 доллар) мепардозанд. Дар ҳоли ҳозир арзиши 1 кВт/соат нерӯи барқ дар Узбекистон 295 сӯм (0,027 доллар) аст.