Беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро барои ҷанҷоли гуруҳӣ дар яке аз майдонҳои сохтмони шаҳри Маскав аз Русия хориҷ мекунанд. Дар ин бораи РИА Новости бо истинод ба додгоҳи Троитский хабар медиҳад.
Бино ба иттилои додгоҳ, дар бораи ҷойгир кардани муҳоҷирон ба Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ 107 қарор содир шудааст.
Гуфта мешавад, онҳо дар ин марказ муддати 90 рӯз нигаҳдорӣ шуда, сипас аз Русия ихроҷ мешаванд.
Гуфта мешавад, рӯзи 1 апрел дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Маскав байни 60 шаҳрванди Тоҷикистон ва 70 шаҳрванди Ӯзбекистон муноқиша сар мезанад. Як тоҷикистонӣ ҳамкори ӯзбеки худро “дурак” (аблаҳ) мегӯяд, ки ин ба нофаҳмӣ байни онҳо боис мегардад. Пас аз ҳодиса иштирокчиёни занозаниро ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб намуда, мақомоти пулис тасмим мегирад, ки муҳлати ҳузури муҳоҷиронро кам ва онҳоро ихроҷ мекунад.
Раиси Иттифоқи тоҷикистониёни Русия Абдулло Давлатов қаблан дар суҳбат ба Газета.ru изҳор дошта буд, ки аз муноқиша дар аввали моҳи муқаддас барои мусалмонон – Рамазон дар ҳайрат аст.
“Ҳайратовар аст, ки дар аввали моҳи шарифи Рамазон тоҷикону ӯзбекон ба чунин амал роҳ додаанд. Ин ғайриодӣ аст. Ҳарчанд бо сабаби қурби рубл одамон дар кор андаке душворӣ дошта, асабианд. Аз роҳбарони диаспораҳои тоҷикону ӯзбекон даъват мекунам, ки бо ҳамдиёрони худ бештар кор кунанд”, – гуфт ӯ.
Давлатов бар ин назар аст, ки барои пешгирӣ ва такрор нашудани чунин ҳодисаҳо, лозим аст, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ҷиҳати фаъолияти қонунӣ шароит фароҳам оварда шавад, вале дар сурати қонуншиканӣ, аз кишвар хориҷ карда шаванд.