Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон 11 шаҳрванди Тоҷикистонро ҷарима баст. Ин шаҳрвандон 29 апрел ба далели убури ғайриқонунии марз боздошт шуда буданд.
Дар ин бора аз додгоҳи вилояти Бодканди Қирғизистон ба расонаҳо хабар доданд.
Додгоҳ рӯзи 3 июн ҳар кадоме аз шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистонро наздики 600 долларӣ ҷарима баста.
Ҳамаи шаҳрвандони ҷаримашуда сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон ҳастанд ва мақомоти Қирғизистон онҳоро бо гумони убури ғайриқонунии марз боздошт карда буданд.
Ҳамзамон, расонаҳои Қирғизистон иттилоъ медиҳанд, ки дар соли 2021 мақомоти Тоҷикистон 39 шаҳрванди Қирғизистонро бо гумони убури ғайриқонунии марз боздошт ва маҳкум кардаанд.