Дар Русия дирӯз, 21 июн қурби рубл бори нахуст аз моҳи июни соли 2015 ба сатҳи рекордӣ поин рафт.
Дар Тоҷикистон қурби рубли Русия нисбат ба арзи миллӣ – сомонӣ ба болоравӣ идома дода, доллари амрикоӣ беқурб мешавад.
Тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои имрӯз, 22 июн 1000 рубл 177,2 сомонӣ нарх дошта, дирӯз, 21 июн қимати он ба 176,5 сомонӣ баробар буд.
Дар “бозори сиёҳ” вазъе каме дигар аст: 1000 рублро 174 сомонӣ харида, 176 сомонӣ мефурӯшанд.
Қурби доллар барои имрӯз 10,6021 сомонӣ муқаррар шуда, дирӯз, 21 июн қимати он ба 10,6031 сомонӣ баробар буд.
Дар “бозори сиёҳ” 100 долларро ба 1 ҳазору 20 сомонӣ харида, 1 ҳазору 40 сомонӣ мефурӯшанд.
Қурби евро низ мувофиқи қурби БМТ ноустувор аст. Имрӯз 1 евро ба 11,18 сомонӣ баробар буда, дирӯз – 11,15 сомонӣ нарх дошт.
Дирӯз қурби доллар дар Русия бори нахуст аз моҳи июни соли 2015 ба сатҳи рекордӣ поин рафт: дар биржаи Маскав 1 доллар аз 54 рубл поин рафта, евро низ аз 57 рубл поинтар шуд, ки аз 28 майи соли 2015 боре ҳам чунин ҳолат ба мушоҳида нарасида буд.
Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад. Бонкҳо аз он барои ивази ба пули нақд истифода намебаранд.
Дар ҳамин ҳол, қурби хариди доллари нақд аз ҷониби бонкҳои кишвар барои имрӯз аз 10 сомонӣ то 10,2 сомонӣ ва қурби фурӯш – 10,3-10,60 (1 доллар) сомонӣ муқаррар шудааст.
Қурби хариди рубли нақд аз ҷониби бонкҳо аз 160 сомонӣ то 173 сомонӣ (1000 рубл) муқаррар шуда, 1000 рубли Русия 173-179 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Тамоили болоравии қурби сомонӣ нисбат ба доллар аз нимаи моҳи апрел ба назар мерасад.
Пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳо нисбат ба Русия аз ҷониби кишварҳои Ғарб бар асари муноқиша бо Украина, дар бозори асъори Тоҷикистон тағйирёбии босуръати қурбҳо ба мушоҳида мерасад.