Хуҷанд. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси вилояти Суғд – Қоҳир Расулзода беҳтарин мактаби олии вилоят ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии миёнаи махсусро барои иштироки фаъол дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта, бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд хабар доданд, ҷоизаи аввали пулӣ ба миқдори 3 ҳазор сомонӣ насиби филиали Донишгоҳи технологии шаҳри Хуҷанд гардид. Ҷоизаи дуюмро коллеҷи тиббии маркази маъмурии вилояти Суғд ва омӯзишгоҳи касбӣ-техникии ноҳияи Спитамен байни ҳам тақсим намуданд. Ба ҳар кадоме аз ин муассисаҳои таълимӣ 1-у ним ҳазор сомонӣ супорида шуд. Ҷоизаи мушобеҳро шӯъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ дарёфт кард.
Барои тарғиб ва инъикоси васеъи маъракаи ҷамъоварии ҳосили пунбадона тавассути васоити ахбори омма, ба маркази иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят 2 ҳазору 300 сомонӣ ва кумитаи телевизион ва радио 1 ҳазор сомонӣ супорида шуд. Ба якчанд нашрияи вилоятӣ ва 20 тан аз донишҷӯёни нисбатан фаъол мукофотҳои пулӣ ба миқдори 300 сомонӣ тақдим карда шуд.