spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Омодагии Эрону Русия ва Покистону Чин ҷиҳати кумак ба осебдидгон аз заминларза дар Афғонистон

Русия, Эрон, Чин ва Покистон барои кумак ба осебдидагон аз заминларза дар Афғонистон изҳори омодагӣ карданд.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия, артиши Покистон, Вазорати хориҷаи Эрон ва Вазорати хориҷаи Чин дар паёмҳои ҷудогона эълом кардаанд, ки кишварҳояшон омодаанд ба осебдидагони заминларзаи Афғонистон кумак кунанд.

Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Русия дар пайи вуқӯъи заминларза дар Афғонистон эълом кард, ки Маскав омода аст дар сурати дархости Кобул, кӯмакҳои лозимро ба ин кишвар ироа кунад.

Захарова гуфт: "Дар сурати дархости Кобул, Маскав омодааст то кӯмакҳои лозимро ба мардуми дӯсти Афғонистон ироа кунад."

Вонг Ванбин, сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин ҳам имрӯз дар як нишасти хабарӣ гуфтааст: "Афғонистон як кишвари ҳамсоя ва дӯст аст. Мо омодаи кӯмакҳои башардӯстонаи изтирории мутобиқ ба ниёзҳои Афғонистон ҳастем."

Дар ҳамин ҳол артиши Покистон дар баёнияе бо ибрози ҳамдардӣ ба фавтидагони ин ҳодиса гуфтааст, ки артиши Покистон омодаи ироаи тамоми кӯмакҳои башардӯстонаи лозим ба мардуми ин кишвар аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Толибон ба осебдидагон аз заминларза дар Афғонистон ҳудуди 11 млн доллар ҷудо мекунанд

Аз сӯйе ҳам Вазорати хориҷаи Эрон гуфтааст, ин кишвар дар пайи ҳодисаи талх ва андуҳбори заминларза дар ҷанубу шарқи Афғонистон, ки боиси марг ва маҷрӯҳ шудани теъдоди зиёде аз мардуми Афғонистон ва ҳамчунин хисороти моддӣ шудаанд, мутаассир аст.

Сайид Хатибзода, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон афзудааст, ки Эрон барои ҳар гуна кумак ба осебдидагони заминларза омодаи кумак ба Афғонистон аст.

Дар ҳамин ҳол Забеҳуллоҳ Муҷоҳид,  сухангӯи Толибон дар Твиттери худ навиштааст, ки "ба давоми кумакҳо ба осебдидагони заминларза ду ҳавопаймо кӯмакҳои башардӯстонаи Эрон ба кишвар расид”.

Ӯ дар идома аз кумакҳои башардӯстонаи Қатар низ ёдовар шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...