Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, дар зарфи 5 моҳи соли 2022 дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли тухм, гӯшти мурғ ва моҳӣ ба таври назаррас зиёд шудааст.
Аз оғози соли 2022 дар Тоҷикистон ҳудуди 17,7 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол шудааст, ки 23,3% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.
Ҳаҷми афзоиши истеҳсоли гӯшти мурғ дар вилояти Хатлон 27,2%, дар вилояти Суғд – 22,2% ва Ноҳияҳои тобеи марказ -21,2%-ро ташкил додааст.
Дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли тухми мурғ то 487,5 млн дона расидааст, ки 27,1% бештар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Ҳаҷми афзоиши тухм дар вилояти Суғд ба 35,2% ва Ноҳияҳои тоби марказ – 16% баробар шудааст.
Давоми 5 моҳи соли 2022 дар Тоҷикистон 1 ҳазору 43 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст, ки 33,1% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.
Дар ин давра моҳӣ аз ҳама зиёдтар дар вилояти Хатлон истеҳсол шудааст, ки 708 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47% бештар аст.
Ғайр аз ин, дар ин давра дар Тоҷикистон зиёда аз 58 ҳазор тонна гӯшт, ҳудуди 298 ҳазор тонна шир истеҳсол шудааст, ки 2-3% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.