Қоидаҳои бехатариро ҳангоми оббозӣ риоя намоед!
Табиист, ки дар мавсими тобистон ва гармои тоқафтарсо аксарият ба канори соҳилу дарёҳо ва макони оббозӣ рӯ меоранд, то ки ба истилоҳ каме худро салқин кунанд.
Бино ба маълумоти КҲФ, аз оғози соли равон дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар дарёву кӯл ва наҳру дигар обанборҳои кишвар 67 нафар ғарқ шудаанд, ки 40 нафарашон кӯдакону наврасони аз 4 то 16-сола мебошанд. Ҷустуҷӯи ҷасади 7 нафар ғарқшудагон то ҳол идома дорад.
Ба иттилои Кумита, сабаби ғарқшавии мардум, бахусус кӯдакон оббозӣ дар минтақаи мамнӯъ ба шиноварӣ, надоштани қобилияту малакаҳои шиноварӣ ва бепарвоии волидон аст, ки фарзандони худро назди обанбору наҳр ва кӯлу дарёҳо беназорат мегузоранд.
Мавсими оббозӣ дар Тоҷикистон аз моҳи июн оғоз мегардад. Қоидаҳои бехатариро ҳангоми оббозӣ риоя карда, дар ҷойҳои барои шиноварӣ манъшуда ба об надароед. Дар инфографикаи мо тарзи рафтор ҳангоми оббозӣ.