Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон судяи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷамшед Носирӣ аз вазифааш озод карда шуд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ӯ бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз мансаб барканор шудааст.
Гуфта мешавад, судяи Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Рустам Сайдаҳмадзода низ бо чунин сабаб аз вазифааш озод карда шудааст.
Дар борааи кадом кирдори судяҳо сухан рафтан хадамоти матбуоти сарвари давлат маълумот намедиҳад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Рустам Саидаҳмадзода рӯзи 29-уми июн дар Душанбе дастгир ва ба ду моҳ ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Ӯро ба "додани хабари дурӯғ" ва "баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ" гумонбар донистаанд.
Манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфтаанд, Рустам Саидаҳмадзода ин айбномаро рад карда, изҳор доштааст, ки дар ҷараёни тафтишоти думоҳа бегуноҳии худро собит хоҳад кард.
Радиои Озодӣ инчунин хабар медиҳад, ки ба гумони қаллобӣ котибаи Саидаҳмадзода – Азиза Ҳайдарова низ боздошт шудааст.
Бино ба маълумоти Радио, дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас фаъоланд. Дар даҳ соли охир тақрибан сӣ нафари онҳо ба иттиҳоми "кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад", аз мансаб рондаву дастгир ва ба зиндон маҳкум шудаанд. Мақомот ошкоро намегӯянд, ки додрасҳо чӣ гуноҳ кардаанд, аммо баъзе аз манобеъ қазияи онҳоро бештар ба ришваситонӣ пайванд медиҳанд.
Ёдрас мекунем, ки охири моҳи май президент бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, Ҳомидҷон Муҳаммадзодаро аз вазифаи раиси Суди шаҳри Хуҷанд, Рустам Маҳмадсаидзодаро – аз вазифаи судяи Суди шаҳри Хуҷанд ва Раҳмиддин Раҳимзодаро – аз мансаби судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барканор кард.