Гузаштан аз як асъор ба дигараш ҳангоми ҳисоббаробариҳо бо кишварҳои хориҷӣ ба имконоти бахши хусусӣ вобаста аст, изҳор дошт вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода имрӯз, 14 июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.
Ӯ зикр кард, ки бо ширкатҳои воридкунанда як қатор “вохӯриҳои муваффақона” гузаронида шуда, дар онҳо имкони дар савдо бо Русия ва Чин гузаштан ба асъори миллии ин кишварҳо баррасӣ шудааст.
“То ин дам 70% қарордодҳои ширкатҳои тоҷикистонии воридкунандаи молу маҳсулот аз Русия аллакай ба рубл гузаронида шуданд, ки ин нишондиҳандаи хеле хуб аст”, – чунин мешуморад вазир.
Завқизода таъкид дошт, ки моҳи майи соли равон кишварҳои узви ИДМ як санади хеле муҳим қабул карданд, ки дар он истифодаи асъорҳои миллӣ зимни анҷоми ҳисоббаробариҳо пешбинӣ шудааст.
Вазир изҳор намуд, ки айни замон Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам сохтани шароит барои анҷоми ҳисоббаробариҳо бо Чин тариқи юан як қатор корҳои муайянеро рӯйи даст гирифтааст.
Зимнан илова шуд, ки барои ин механизмҳои гуногуни тиҷоративу молиявӣ вуҷуд доранд.
Ёдрас мекунем, ки яке аз бандҳои барномаи зиддибуҳронии ҳукумат, ки моҳи марти ҳамин сол қабул шуд, гузаштан аз доллар ба рубл ва юан зимни воридоти молу маҳсулот аз Русия ва Чин мебошад.
Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, зиёда аз 40% аз ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Русия (21,3%) ва Чин (19,1%) рост меояд.
Коршиносони мустақил бар ин назаранд, ки барои гузаштан аз доллар ба рубл набояд ҳеҷ мушкилие ҷой дошта бошад, зеро интиқоли пул бо рубл аз Русия нисбат ба ҳаҷми воридоти маҳсулот аз ин кишвар хеле зиёдтар аст.
Онҳо зикр мекунанд, ки гузаштан аз доллар ба юан зимни ҳисоббаробариҳо нисбатан мушкилтар аст.