spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Роҳбарӣ карда наметавонад”. Интиқоди шадиди раиси Кумитаи андоз аз кори ширкати писари Бег Сабур

Ширкати сохтмонии "Комил 2010", ки ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои раисҷумҳури Тоҷикистон марбут аст, аз андоз беш аз 4 млн сомонӣ қарздор будааст. Дар ин бора, Нусратулло Давлатзода, раиси Кумита андози Тоҷикистон имрӯз, 14 июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, маҳз самаранок истифода накардани маблағи ҷалбгардида аз ҷониби ин ширкат ва сари вақт иҷро накардани уҳдадорӣ боиси қарздорӣ дар назди буҷети давлат гардидааст.

 “Маблағро  мегирад, аммо самаранок истифода намебарад. Роҳбарӣ карда наметавонад. Босифат кор карда наметавонад. Ба монанди ҳамин омилҳои зиёде ҳастанд, ки (ширкатро) ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мекунанд”,-  нигаронӣ кард Давлатзода.

Ӯ афзуд, дар баробари ширкати “Комил 2010” дигар ширкатҳо низ ба чунин мушкилӣ мувоҷеҳанд.

МЕДИА (IFRAME)

Интиқоди шадиди роҳбари идораи андози Тоҷикистон дар ҳолест, ки моҳи феврали соли 2020 Баҳром Иноятзода, шаҳрдори собиқи Кӯлоб дар як нишасти матбуотӣ моликони ширкати "Комил-2010"-ро танқид кард буд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Бег Сабур: "Ман уже қабула буд кадм, ту бзан хова"

Дар ҳамин ҳол, Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмону меъмории Тоҷикистон дар нишасти матбуотии соли гузаштааш гуфта буд, ки ширкатҳои Бег Сабур “Комил-2010” ва “Ниагара” бо дастури раиси шаҳри Душанбе вориди “рӯйхати сиёҳ” шудаанд ва ба онҳо дигар иҷозаи сохтмон дода намешавад.

– Аз ин пас, ба Бег Сабуров дар Душанбе дигар иҷозатномаи сохтмон намедиҳанд, – гуфта буд ӯ.

Дар Душанбе сохтмони якчанд биноҳои баландошёнаро ба Бег Сабур марбут медонанд. Аксаран аз ҷараёни сохтмону сифати корҳои ин биноҳо розӣ набуда, лекин бинобар арзонтар будани хонаҳо нисбат ба дигар сохтмонҳо, ба онҳо таваҷҷуҳ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...