Аз оқибатҳои обуҳавои хеле гарм, ки дар қисмати зиёди қаламрави Испания ҳукфармо гашт, тайи шаш рӯзи ахир зиёда аз 350 нафар ҳалок шуданд. Дар ин бора Интерфакс бо истинод ба шабакаи телевизиону радиои РТVЕ ва маълумоти Пажуҳишгоҳи тандурустии ҷамъиятӣ хабар медиҳад.
“Мувофиқи маълумоти омории аз 10 то 15 июл ҷамъоваришуда, бар асари обуҳавои ниҳоят гарм, ки тайи ҳафтаи ахир дар Испания ҳукмфармо аст, 360 нафар ҳалок шуда, авҷи марги одамон – 123 нафар – ба рӯзи ҷумъаи ҳафтаи рост омад”, – хабар додааст рӯзи шанбе РТVЕ.
Хадамоти метеорологии Испания хабар дод, ки рӯзи 16 июл ҳарорат дар бархе аз минтақаҳои Испания баъзан то ба 45 дараҷа расидааст. Мақомот ҳадди ниҳоии хавфу хатар аз обуҳаворо рӯзи шанбе дар маҳалҳои Кантабрия, Наварра, Риоха, инчунин шаҳрҳои Бадахос ва Сарагоса эълон карда буданд.
Ширкати радио ва телевизион хотиррасон намудааст, ки ин ҳолати кунунӣ мавҷи дуюми гармӣ дар Испания аст. Дар мавҷи аввалаи моҳи июн, ки ҳашт рӯз давом кард, 829 нафар қурбони он шуданд.