spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Тоҷикистон 673 корхона аз фаъолият бозмондаанд

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотии рӯзи 18 июл сабабҳои асосии аз фаъолият бозмондани корхонаҳоро шарҳ дод.

Бино ба гуфтаи вай, ба ҳолати то 1 июли соли 2022 дар ҷумҳурӣ 2 ҳазору 479 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст.

Шумори корхонаҳои аз фаъолият бозмонда дар ин давра тибқи маълумоти вазир, 673 ададро ташкил медиҳад, аз ҷумла 583 корхонаҳои мавсимӣ ва 77 корхонаи фаъолияташ қатъшуда.

Шумори чунин корхонаҳо дар Душанбе 25 адад, вилояти Хатлон – 13, Суғд – 47 ва ВМКБ – 5 ададро ташкил медиҳад.

Вазир гуфт, сабаби аслии фаъолият накардани ин корхонаҳо дар он аст, ки онҳо дар марҳилаи барҳамдиҳӣ ва муфлисшавӣ қарор доранд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Корхонаҳои қарздори Тоҷикистон: соли 2022 кадоме бояд чӣ миқдор баргардонад?

Вазир изҳор намуд, ки аксарияти ин корхонаҳо мушкили молиявӣ дошта, бисёре аз онҳо аз андоз қарздоранд ё бо бонкҳо баҳсҳои амволӣ доранд.

“Инчунин қисмате аз корхонаҳо бо сабаби фарсудашавӣ ё мавҷуд набудани таҷҳизоти зарурии истеҳсолӣ, надоштани иҷозатнома ва харидор надоштани маҳсулоташон дар бозор кор намекунанд”, – иброз дошт Шералӣ Кабир.

Дар ҳамин ҳол, вазир дар бораи корхонаҳои нави имсол таъсисёфта низ маълумот дода, зикр кард, ки дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 137 корхонаи нав ва 47 коргоҳ (сех) ба фаъолият оғоз намуда, дар онҳо ҳудуди 4 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...