Як тоҷири бозори «Корвон»-ро барои фурӯши силоҳи сард боздошт ва ба мӯҳлати панҷ шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кардаанд.
Бино бар иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, паҳнкунандаи силоҳ ҳангоми гузаронидани корҳои санҷишӣ дар доираи амалиёти шартии «Корд» аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт боздошт шудааст.
РВКД дар шаҳри Душанбе аз ӯ соҳибкори инфиродӣ Зафар Чилаеви 44-сола, сокини пойтахт ном мебарад, ки ба фурӯши предметҳои халандаю бурранда (корд) машғул будааст.
– Зимни азназаргузаронӣ аз фурӯшгоҳи мазкур миқдори зиёди кордҳои гуногунтамға, ки ба сифати силоҳи сард истифода мешаванд, дарёфту мусодира карда шуданд, – омадааст дар хабари РВКД Душанбе.
Нисбат ба Зафар Чилаев протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шуд.