Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19-уми июл ба як қатор қонунҳо имзо гузошт.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, қонунҳо “Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ”, “Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ”, “Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ” ва “Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
“Қонун “Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ” ба густариши раванди таҳия, тасдиқ ва амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва рушди соҳаҳои муҳими ҳаёти кишвар нигаронда шудааст”, – шарҳ дода мешавад дар хабари хадамоти матбуот.
Гуфта мешавад, дар қонун “Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ” доир ба таъмини аҳолӣ бо моҳӣ, ҳифзи захираҳои он, рушди соҳибкории соҳа ва бунёди ҷойҳои нави корӣ сухан меравад.
“Қонун “Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ” масъалаҳои коркард, муомилот, назорати сифати дору ва роҳҳои таъмини аҳолиро бо дору ва дигар молҳои тиббӣ танзим менамояд”, – омадааст дар хабар.
Ба иттилои манбаъ, қонунҳои қабулгардида ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти зиндагии аҳолӣ нигаронида шудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки қонунҳо дар матбуот интишор карда мешаванд.