spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Раиси “Амонатбонк”: “Пеш аз набудани доллару акнун аз камбуди сомонӣ шикоят мекунанд”

Раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон – “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ аз амалкарди мардуми кишвар дар мавриди идоракунии пасандозҳои арзии худ изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ рӯзи 22 июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт: «Онҳо шикоят мекарданд, ки дар бонкҳо долларро дастрас карда наметавонанд, ҳоло изҳори норозигӣ мекунанд, ки дар банкоматҳо сомонӣ нест».

Ба гуфтаи Икромӣ, яке аз сабабҳои аслии камбуди пули миллӣ дар моҳҳои ахир дар он аст, ки мардум пас аз поин рафтани қурби пули Амрико ба таври оммавӣ пасандозҳои долларии худро ба сомонӣ иваз карданд.

Вай таъкид кард, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми пули миллӣ дар муомилот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2,5 млрд сомонӣ афзоиш ёфтааст, вале бо вуҷуди ин, дар кишвар камбуди пули тоҷикӣ мушоҳида мешавад.

Раиси «Амонатбонк» зикр кард, ки амонатгузорон дар бонкҳо низ пасандозҳои долларии худро ба сомонӣ табдил медиҳанд.

Ӯ мутмаин аст, ки баробари боло рафтани қурби доллар нисбат ба  сомонӣ раванди баръакс оғоз мешавад.

Гуфтугузорҳо байни аҳолиро дар бораи он, ки пули амрикоӣ дар оянда “ба ҳеҷ кас лозим нашуда, ба коғази одӣ табдил меёбад”, ӯ бемаънӣ мешуморад.

"Ин танҳо замоне иттифоқ меуфтад, ки аввалин иқтисоди ҷаҳон (ИМА) суқут кунад", – иброз дошт Икромӣ ва дар идома афзуд, ки "доллар ҳамчунон боътимодтарин арзи ҷаҳон боқӣ мемонад."

Ба доллар чӣ шуд?

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҷойҳо иваз шуданд: рубл беқурбу доллар гарон мешавад

Пас аз ҷорӣ кардани таҳримҳои нави "Ғарби дастаҷамъӣ" алайҳи Русия ба далели даргирии низомӣ бо Укроин, дар бозори арзи Тоҷикистон ҷаҳишҳои шадид оғоз шуданд.

Нахустин ҳаросҳои ҷиддии соҳибони пасандозҳои доллар дар моҳи март, замоне пайдо шуд, ки бонкҳои Тоҷикистон дар баробари тағйири шадиди қурби асъор муваққатан аз хариду фурӯши доллар худдорӣ карданд.

Вазъи бавуҷудомада ба якбора боло рафтани қимати доллар дар «бозори сиёҳ» боис гардида, Бонки миллии Тоҷикистонро водор кард, ки қурби расмии долларро нисбат ба сомонӣ қариб 16% – аз 11.30 то 13.00 сомонӣ барои як доллар боло барад.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад. Бонкҳо аз он барои ивази ба пули нақд истифода намебаранд.

Дар ҳамин ҳол, қурби рубли русӣ дар баробари сомонӣ то ба поинтарин сатҳи бесобиқа, яъне 91 сомонӣ барои 1000 рубл поин рафт.

Пас аз он ба назар чунин менамуд, ки барои дорандагони пасандозҳои доллар ҳама чиз хуб аст – пули амрикоӣ ба таври назаррас боло рафт ва бонкҳо бо он амалиётро дубора оғоз карданд.

Аммо баъди талаботи раҳбарияти Русия дар мавриди пардохти маблағи гази табиӣ бо рубл аз кишварҳои Ғарб, вазъият бакуллӣ тағйир ёфт.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, қурби расмии доллар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар баробари сомонӣ 9% – аз 11,3 сомонӣ барои 1 доллар дар санаи 31 декабри соли 2021 то 10,3 сомонии қурби имрӯза коҳиш ёфт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...