spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Тоҷикистон ба онлайн-бозпурсии шоҳидон иҷоза шуд

Муфаттишони тоҷик ба онлайн-бозпурсии ҷабрдидагон ва шоҳидон, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, ҳуқуқ пайдо карданд.

Зимни анҷоми ин кор истифодаи е-mail (суроғаи электронӣ) ва дигар мессенҷерҳо имкон дорад. Тағйирот ва иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон рӯзи 15 июли соли ҷорӣ дар иҷлосияи 11-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон қабул шуданд, хабар медиҳад нашрияи парлумонии “Садои мардум”.

Зимни муаррифии лоиҳаи тағйироту иловаҳо раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Дилшод Раҳмон зикр кард, ки “ба моддаи 197 қисми 2 илова мешавад, ки мутобиқи он дар сурати дарёфт шудани ҷабрдида ё шоҳидон дар берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ, баргузории бозпурсии онҳо тариқи фосилавӣ бо истифода аз воситаҳои телекоммуниактсионӣ ва суроғаи электронӣ (почта) имконпазир мегардад”.

“Муфаттиш метавонад бо иштироки шоҳидоне, ки нисбат ба ҷабрдида ва ҷинояткор бетарафанд, пурсишҳои фосилавӣ гузаронад”, – гуфт ӯ.

Ин тағйироту иловаҳо баъди он қабул шуданд, ки раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ назди мақомоти прокуратура доир ба пешгирии раванди ба узвияти гуруҳҳои ифротгаро ва террористӣ пайвастани шаҳрвандон, таъмини амнияти иттилоотии кишвар, тақвияти тадбирҳо зидди қонуншиканиҳо аз ҷониби ҷавонон, муноқишаҳои гуруҳӣ, ҷанҷолу кордкашиҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.

Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон таваҷҷуҳи прокурори генералиро ба афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ, носаҳеҳии баъзе маълумоти оморӣ дар бахши кишоварзӣ ҷалб намуда, инчунин талаб кард, ки дар соҳаи хариду фурӯши одамон ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар тадбирҳои муассир рӯйи даст гирифта шавад.

Ӯ ҳамчунин дастур дод, ки ба ҳолатҳои истифодаи шиканҷа нисбати боздоштшудагон ба гумони содир намудани ин ё он ҷиноят, маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон хотима бахшида шуда, дар сафҳои артиш муносибатҳои ғайриоинномавӣ пешгирӣ карда шавад.

Муаллифони лоиҳаи қонун мутмаинанд, ки тағйироту иловаҳо фаврияти кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар мавриди пешгирии ҷиноятҳо ва қонуншиканӣ беҳтар мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...