Сокини 28-солаи пойтахт барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, беэҳтиромӣ нисбат ба кормандони БДА ва дашному ҳақорат додани онҳо дастгир гардида, 7 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум карда шуд.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, кормандони бозрасӣ ҳангоми фаъолият дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ нисбат ба ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-гелендваген», мутааллиқ ба Шаҳром Убайдзодаи 20-сола барои вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ протокол тартиб додаанд.
– Дар ҳамин лаҳза бародари номбурда Идибек Убайдови 28-сола тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, дар баробари беэҳтиромӣ нисбати кормандони бозрасӣ, ҳамзамон онҳоро бо алфози қабеҳ дашном додааст, – гуфта мешавад дар хабар.
Гуфта мешавад, нисбат ба Идибек Убайдов барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия аз ҷониби Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷазои 7-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин шуд.