Аз рӯи ҳаҷми нафақа метавон ба сатҳи рушди иҷтимоии кишвар баҳо дод. Мо танҳо дар бораи ҳаҷми нафақа дар собиқ кишварҳои шӯравӣ маълумот медиҳем.
Дар муқоиса бо соли гузашта дар робита ба тағйирёбии қурби доллар нисбат ба пулҳои миллӣ, рақамҳо каме тағйир ёфтанд.
Қазоқистон аз Русия, Беларус – аз Озарбойҷон ва Молдова – аз Украина пеш гузаштанд. Тағйироти назаррас дар Латвия ба эҳтимоли зиёд ба манбаи соли гузашта вобаста аст, ки танҳо нафақаҳои ҳатмии давлатро ба инобат гирифтааст, дар ҳоле ки маълумоти имсола нафақаҳои маблағгузоришуда ва ғайридавлатиро, ки дар ин кишвар вуҷуд доранд, низ ба инобат мегирад.
Ба ин тариқ, дар соли 2022 нафақаи баландтаринро дар кишварҳои Назди Балтика мегиранду камтаринашро дар Ӯзбекистону Тоҷикистон.
Қариб дар ҳамаи кишварҳои ИДМ шаҳрвандоне, ки ба синни нафақа расидаанд, се нафъ нафақа – заминавӣ, меҳнатӣ ва андӯхта гирифта метавонанд.
Боз нафақаҳои иҷтимоӣ ҳастанд, ки барои категорияи махсуси шаҳрвандон (ятимон, маъюбон ва ғайра) пешбинӣ шудаанд.
Бо назардошти ҳаҷми нафақаи миёна дар ин кишварҳо, ҷадвали зерин ҳосил мешавад: