Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Расмиёти дохилӣ ё баҳси ҳувият. Чаро Тоҷикистон “Созишномаи Чолпон-Ота”-ро имзо накард? - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Расмиёти дохилӣ ё баҳси ҳувият. Чаро Тоҷикистон “Созишномаи Чолпон-Ота”-ро имзо накард?

10
10

Дар Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон имзо нашудани Созишномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказиро, сирф ба расмиёти дохилӣ рабт доданд ва гуфтанд, мушкилоти марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон наметавонад, монеи имзои ин созишнома аз сӯи кишвари мо гардад. Вале бархе коршиносон назари дигар доранд.

Хайриддин Усмонзода, мудири ин марказ, дирӯз 28 июл дар нишасти хабарӣ, ин созишномаро барои аҳолии кишварҳо хеле муҳим арзёбӣ кард ва афзуд, ҳамаи созишномаву қарорҳое, ки Тоҷикистон бо кишварҳои дигар ба имзо мерасонад, пеш  аз ҳама бояд расмиёти дохилиро гузаранд.

Ӯ ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” дар робита ба он ки усулан имзои созишномаи мазкур дар ҳоле, ки миёни Тоҷикистону Қирғизистон мушкилоти марзӣ ҷой дорад, имконпазир аст, посухи мусбат дод.

“Он усуле ки президенти Тоҷикистон дар мавриди ҳалли масъалаҳои тарафайни Тоҷикистону Қирғизистонро дар сафаршон ба Ворух муайян карданд, баёнгари он аст, ки  Тоҷикистон пеш аз ҳама ҷонибдори дар заминаи гуфтугӯи тарафайн ва бе дахолати ҷониби сеюм ҳал кардани масъалаҳои мавзеи худаш бо кишварҳои ҳамсоя аст”, – гуфт Усмонзода. 

Ҳамчунин, ӯ андешаи бархе коршиносонро дар робита ба он ки яке аз омилҳои имзо нашудани Созишномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ баҳси ҳувияти миллӣ байни ин кишварҳо аст, рад кард ва гуфт, дар ин росто ба ҳувияти умумиминтақавӣ афзалият дода мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Хайриддин Усмонзода

Номбурда афзуд, ҳеҷ гоҳ дар муносибати байни давлатҳои минтақа ҷудоӣ ва мансубияти ҳуввиятӣ дар  мадди аввал қарор надорад, балки имрӯз, дар минтақа дарку масъалаи ҳувияти умумиминтақавӣ ҷой дорад, ки дар асоси умумияти ҳаёти фарҳангию тамаддунии сокинон ин минтақа ташаккул ёфтааст.

“Кишварҳои минтақаро аломатҳои хоси тамаддунӣ ва фарҳангӣ бо ҳамдигар пайваст мекунад. Масалан, мо бо аз худ кардани фарҳанги мардуми ӯзбек, қазоқ, туркман ва дигарҳо ҳеҷ мушкилие надорем. Ва онҳо низ ҳама вақт ҳавасманди он ҳастанд, ки аз фарҳанги мо бархурдор бошанд ва имрӯз дар муомилоти рӯзгори ҳамарӯза мардум аз ин истифода мебаранд ва ҳеҷ мушкилӣ дар ин маврид мавҷуд нест. 

Аз ин рӯ, ҳувияти қавмӣ дар ин маврид афзалият дода намешавад. Пеш аз ҳама, ин масъалае ки аст, ки хусусияти  ҳамгироии минтақавиро дар асоси ташаккули ҳувияти умумиминтақавӣ, ба миён мегузорад, – зикр кард роҳбари МТС.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоҷикистон ва Туркманистон “Созишнома дар бораи дӯстӣ”-ро дертар имзо мекунанд

Созишномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон барои имзо дар нишасти сарони давлатҳои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар Чолпон-Отаи Қирғизистон пешниҳод шуд, аз ҷониби роҳбари Тоҷикистон ва Туркманистон имзо нашуд.

Сабаби имзо нашудани он аз ҷониби ду кишвари Осиёи Марказӣ анҷоми расмиёти давлатӣ дар дохили кишварҳояшон арзёбӣ карданд.

“АКИпресс” бо такя ба Ҷеенбек Кулубоев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон навиштааст, ки сабаби аслии имзо нашудани созишномаро аз сӯи  Туркманистон ва Тоҷикистон як масъалаи техникӣ аст ва “онҳо (раисҷумҳурони Тоҷикистон ва Туркманистон) фаҳмонданд, ки онҳо расмиёти дохилиро иҷро мекунанд. Онҳо барои 2-3 ҳафта танаффус талаб карданд. Мо итминони комил дорем, ки ҳамсояҳо онро имзо мекунанд”.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон эҳтимоли имзо нашудани созишномаро аз сӯи ду кишвар ба бархе ихтилофи байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла мушкилоти марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ва масоили марзии ҳалношудаи Қирғизистон бо Қазоқистон ва Ӯзбакистон арзёбӣ мекунанд.

Дар ҳаимн ҳол, дар созишномаи мазкур, ки дар сомонаи ВКХ Қазоқистон нашр шудааст, гуфта мешавад, ки масъалаҳои баҳсбарангези байни худро кишварҳо "танҳо дар чаҳорчӯби муколама бо роҳи осоиштаи дипломатӣ, аз ҷумла тавассути эҷоди механизмҳои муносиби ҳамкорӣ дар ҳолати зарурӣ" ҳал хоҳанд кард.

Ҳамчунин, коршиносони дигар эҳтимоли баҳси ҳувиятро яке аз сабабҳои имзо нашудани ин созишнома медонанд. Яъне ин созишнома, ки таъсиси як Иттиҳоди Осиёи Марказиро дар назар дорад, чор кишвари туркзабони минтақаро дар бар хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол,  дар баробари Тоҷикистон Туркманистон низ то ҳол ин созишномаро имзо накардааст, дар ҳоле ки ин кишвар ҳам яке аз кишварҳои туркзабони минтақа дониста мешавад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...