spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Президент ба муътадил нигаҳдории нархҳо ва захираи дусолаи маҳсулот дастур дод

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумат рӯзи 28 июл изҳор намуд, ки вобаста ба ҳолати мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон вазъи молиявию иқтисодии давлатҳои шарики тиҷоратии кишвари мо хеле ноустувор гардида, чунин вазъ ба бозори истеъмолии Тоҷикистон низ таъсир расонида истодааст.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, вобаста ба ин бо мақсади дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нархи сӯзишворӣ ва озуқаворӣ дар бозори дохилӣ вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки барои таъмин намудани талаботи аҳолии кишвар бо ин намудҳои маҳсулот чораҳои мушаххас андешанд.

Ҳамзамон бо ин, бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳон бори дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки барои иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ тамоми имкониятҳоро сафарбар созанд.

Дар ин раванд, таъмин намудани рушди ҳаматарафаи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла ҷалби сармояи мустақим, афзоиш додани содироти маҳсулот, беҳтар намудани дастрасии корхонаҳои истеҳсоливу хоҷагиҳои деҳқонӣ ба захираҳои молиявӣ ва тақвият бахшидани инфрасохтори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пурзӯр намудани ҳамкориҳои минтақавӣ ва истифодаи пурраи имкониятҳои сайёҳӣ, вазифаҳои аввалиндараҷаи аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо маънидод гардид.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Нимсолаи аввал нақшаи даромади буҷети давлатии Тоҷикистон 102% иҷро шуд

Ба роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони ҳукумат дастур дода шуд, ки аз таҳлилҳои имрӯза хулосаҳои зарурӣ бароварда, бартараф кардани мушкилоту камбудиҳои зикршуда, тайёрӣ ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода, дар навбати аввал, омодагии муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ, сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил ва ҳамзамон бо ин, барои ду сол захира кардани маҳсулоти ниёзи аввалро дар ҳар як оила шахсан назорат намоянд ва камбудиҳои ҷойдоштаро дар ҷояш ва сари вақт бартараф созанд.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки бо мақсади кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти сӯзишвории воридотӣ ва татбиқи принсипҳои “иқтисоди сабз” зарур аст, ки дар кишвар ҷараёни гузариш ба воситаҳои нақлиёти барқӣ, яъне электромобилҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт бо истифода аз манбаъҳои алтернативии энергия, аз ҷумла гази моеъ вусъат дода шавад.

Дар охири кори маҷлис ҷиҳати вусъати корҳои ободонию созандагӣ баҳри истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлолият ба ҳукумати кишвар, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳои давлатӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...