Милитсияи пойтахт ду нафар ронандаро барои дар роҳи пиёдагарди назди бинои истиқоматӣ бе назорат гузоштани автомашина ҷарима кардаст.
Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, ҷаримаи ронандагон дар асоси муроҷиат ва ирсоли акси автомашина аз сӯи шаҳрвандон сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи санҷиш, маълум шуд, ки шаҳрванд Аслидин Ҷалилов, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Камрӣ», нақлиёти худро дар роҳи пиёдагарди назди бинои истиқоматӣ бе назорат гузошта, монеи ҳаракати шаҳрвандон гардидааст.
Ба ҳамин монанд, Манучеҳр Шарипов, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота», гулу буттаҳои ороиширо зер намуда, нақлиёти худро дар назди бинои истиқоматӣ, бе назорат гузоштааст, ки ба равуои сокинони бино халал расонидааст.
Бояд гуфт, ки бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба ҳар ду ронанда барои таваққуф кардан ва бозистодани воситаҳои нақлиёт дар минтақаҳои истиқоматӣ тибқи талаботи моддаи 346 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки ба ронандагон барои ин кирдорашон огоҳии ҷиддӣ дода шудааст.