spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Афзоиши қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон дар аҳди “Толибон”

Давоми тақрибан як соле, ки “Толибон” дар раъси ҳукумати Афғонистон қарор доранд, воридоти беш аз 3 тонна маводи мухаддир ба Тоҷикистон пешгирӣ карда шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар тамоми соли 2020 ҳаҷми содироти маводи мухаддир дар сарҳади ин кишвар 1 тоннаро ташкил дода буд.

“Толибон”, ки моҳи августи соли гузашта ба сари қудрат омаданд, кишт, тавлид ва хариду фурӯши маводи мухаддир дар Афғонистонро мамнӯъ эълон карда буданд. Вале ба гуфтаи масъулин, вазъ баръакс шудааст.

Ҳабибулло Воҳидзода, мудири Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон имрӯз, 5 август дар нишасти хабарӣ гуфт, дар шаш моҳи соли равон 14 қоҷоқбари хориҷиро дастгир карданд, ки ҳамаи онҳо шаҳрвандони Афғонистон буданд. Боздошти қочоқбарони хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 9 нафар зиёд шудааст.

“Баъди ба сари ҳокимият омадан, “Толибон” тариқи ВАО изҳори назар карда, ниятҳои худро нисбати шахсоне, ки ба истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир машғул буданд, баён доштанд. Онҳо нисбати қочоқбарон ва чунин ашхос чазоҳои сангин муайян карданд ва гуфтанд, пеши роҳи фурӯшу паҳни онро мегиранд. Вале дар асл ҳамин чиз дида намешавад”, – нигаронӣ кард Воҳидзода.

Воҳидзода ҳамчунин, гуфт, афзоиши мусодираи маводи мухаддир дар соли 2022 дар кишвар ба қочоқи он аз Афғонистон рабт дорад.

Гуфта шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 тоннаву 578  кг 145 грамм маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (1 тоннаву 695 кг 645 грам) 52 дарсад ё 882, 5 кг зиёд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли равон ҳукумати “Толибон” бо як фармони махсус тавлид ва хариду фурӯши маводи мухаддир дар Афғонистонро манъ карданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ду шаҳрванди Афғонистон дар марзи Тоҷикистон бо 92 кг маводи мухаддир боздошт шудаанд

Дар фармони раҳбари Толибон, ки аз сӯи Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари ин гурӯҳ имзо шуд, зикр мешавад, ки онҳое, ки аз ин фармон сарпечӣ мекунанд, бо онҳо бар асоси шариати исломӣ бархӯрд хоҳад шуд.

Дар фармони “Толибон” ҳамчунин омадааст, ки "истеъмолу интиқол, хариду фурӯш, тиҷорат, воридот ва содироту корхонаҳои тавлиди ҳар гуна маводи нашъовар, аз ҷумла шароб, ҳероин, шиша, таблет (таблетка, ҳабҳои равонгардон), чарс (ҳашиш) ва ғайра ба гунаи ҷиддӣ мамнуъ аст".

Дар ҳоле “Толибон” масрафи маводи мухаддирро дар Афғонистон манъ кардаанд, ки бар асоси омори Вазорати тандурустии Афғонистон дар соли гузашта, пеш аз ба қудрат расидани Толибон шумори гирифторони нашъамандӣ (муътодон) дар ин кишвар ба 2,5 миллион нафар мерасад, ки наздик ба 750 ҳазор нафари онҳо занон мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...