spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст

Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) дар нимсолаи аввали соли равон сатҳи нисбатан бештари рушди иқтисодро байни шаш кишвари ин бонк дар Тоҷикистон ба қайд гирифтаанд.

Дар Гузориши навбатии макроиқтисодии БАОР гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаҳои нимсола иқтисоди Русия ва Беларус ба коҳиш дучор шудаанд.

Дар дигар кишварҳои иштирокчии БАОР руши устуворонаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) идома дорад: 11,8% дар Арманистон, 3,4% – дар Қазоқистон, 6,3% – дар Қирғизистон ва 7,4% – дар Тоҷикистон.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки ММД-и минтақа дар зарфи 6 моҳи соли равон ба сурати умум дар сатҳи ҳамин давраи соли гузашта боқӣ мондааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
БАОР: Даромади сокинони Тоҷикистон барқарор мешавад

Таҳлилгарони ин созмони минтақавӣ таъкид мекунанд, ки вазъ дар иқтисоди кишварҳои узви БОР дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ назар ба интизоридошта беҳтар рушд кардааст. Ва онҳо пешгӯӣ мекунанд, ки нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ то охири соли 2022 дар аксари кишварҳои узви БОР беҳтар аз пешгӯиҳо хоҳанд буд.

“Ба ин, аз ҷумла суръати хеле баланди мутобиқшавӣ ба маҳдудиятҳои ҷорӣ ва хусусияти таъхирнопазири таҳримҳо дар истихроҷи нафт мусоидат мекунад. Амалкарди мақомот дар дастгирии иқтисоди минтақа низ саҳми арзанда доранд: ҳавасмандгардонии сиёсати андозу молия, коҳиши назарраси меъёрҳо дар Русия, инчунин чораҳои мусоидат ба таъсиси занҷирҳои истеҳсолӣ ва таъминот (логистика)”, – зикр мешавад дар гузориш.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...