15 август аз суқути ҳукумат дар Афғонистон ва ишғоли ин кишвар аз сӯйи Толибон* як сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат ҳукуматеро, ки Толибон* ташкил доданд, ҳеҷ як давлат ба расмият нашинохт ва машруъияти онҳоро эътироф накард. Чеҳраҳои саршиноси арсаи сиёсати 20 – соли охири Афғонистон ба хориҷ фирор карданд ва аз ташкили Ҷабҳаву Шӯрои муқовимат дарак доданд. Дар умум, вазъи Афғонистон то кунун норӯшан аст.
Дар солгарди суқути Кобул хабарнигори “Asia-Plus” Мазҳаб Ҷумъа бо Бахтиёр Холиқов, сардори Раёсати таҳлили ояндабинӣ ва сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоҳиба орост. Ӯ дар Конфронси байналмилалии Тошканд “Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ”, ки 25 – 26 июл доир гардид, ҷониби Тоҷикистонро намояндагӣ ва суханронӣ кард.
“Толибон ҳеҷ яке аз ваъдаҳои худро иҷро накарданд”
– 15 августи соли 2021 Толибон* бо ваъдаи таъсиси ҳукумати қонунманд, таъмини амнияти саросарӣ, риояи ҳуқуқи башар ва маҳви истеҳсолу фурӯши маводи мухаддир вориди Кобул шуданд. Пас аз як сол, кадоме аз ин ваъҳои худро иҷро карданд?
– Ҳеҷ яке аз ваъдаҳои додаи Толибон* амалӣ нагардид. Дар ин як сол онҳо на танҳо ҳукумати қонунманд, балки худи ҳукуматро таъсис надоданд. То ҳол онҳо ҳукумати сарпарастанд, яъне мантиқан то таъсиси ҳукумати қонунӣ иҷрокунандаи вазифа мебошанд.
Толибон* ҳатто шакли давлатдории худро мушаххас карда натавонистанд. Тағйири шакли давлатдорӣ бояд ҳамеша бо ризоияти худи мардум бошад. Толибон барои муайян кардани шакли давлатдорӣ ду роҳ доштанд:
а) Баргузории райъпурсии умумихалқӣ. Ин имкон медод, ки статуси давлат муайян шавад.
б) Таъсиси Луи Ҷирга (Парлумон).
Ҳеҷ яке аз ин ду роҳ тай нашуд ва ҳамин тавр, як сол мешавад, ки онҳо қудрат дар Афғонистонро ғайриқонунӣ ғасб кардаанд.
Дар масъалаи таъмини амният низ Толибон* ҳоло ҳарфҳои пуч мегӯянд. Даъвои онҳо дар мавриди кам шудани таркишҳо ғайримантиқӣ аст, чун қаблан худи онҳо интиҳор мекарданд. Ҳоло, ки қудратро ғасб кардаанд, дигар бар зидди худ амалҳои интиҳорӣ анҷом намедиҳанд. Аз ин рӯ, далели он ки таркишҳо кам шуд ва амният таъмин аст, комилан нодуруст мебошад.
Бо омадани Толибон* фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ, ифротӣ ва иртиҷоӣ дар Афғонистон шадидтар гардид. Зеро давлат дар ихтиёри гурӯҳе қарор гирифт, ки то чанде бо тамоми ин гурӯҳҳои террористӣ ҳамкорӣ дошт. Кушта шудани роҳбари “Ал Қоида”* Айман Завоҳирӣ дар маркази Кобул гувоҳи он аст, ки Толибон* Афғонистонро ба макони мусоид барои фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ табдил додаанд.
Вобаста ба риояи ҳуқуқи башар танҳо бо афсӯс метавон сухан кард. Маҳдудиятҳои зиёд барои таҳсил ва фаъолияти занон, фаъолияти расонаҳо, таъқиби куштори равшанфикрон, дигарандешон, чеҳраҳои сиёсию фарҳангӣ, рӯзноманигорон ва намояндагони ақаллиятҳо делели поймол гардидани ҳуқуқи бунёдии инсон дар Афғонистон аст.
Оид ба маҳви истеҳсолу фурӯши маводи мухаддир низ Толибон лофу газофи зиёд мегӯянд. Мувофиқи омори мақомоти Тоҷикистон дар аҳди Толибон* қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон назар ба солҳои пеш се маротиба зиёд шудааст.
Воқеият ин аст, ки бо қатъ гардидани маблағгузории хориҷӣ ва ҳабси маблағҳои Бонки марказии Афғонистон вазъи иҷтимоӣ дар ин кишвар бисёр душвор гардид. Ҳоло мардуми ин кишвар бо гуруснагии фарогир ва камбудӣ маҳсулот рӯ ба рӯ ҳастанд.
Дар чунин шароит, яке аз сарчашмаҳои даромади ин гурӯҳ – истеҳсол ва фурӯши маводи мухаддир боқӣ мемонад. Дар ин ҳол, онҳо чӣ гуна метавонанд парвариши маводи мухаддирро ба сифр баробар кунанд?
Дар умум, Толибон* як солро дар ҳолати номуайянӣ сипарӣ карданд ва ҳеҷ яке аз ваъдаҳои худро амалӣ карда натавонистанд.
Талошҳои Толибон* барои эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ
– Конфронсҳо дар Норвегия, Ӯзбекистон ва Маскав бо иштироки фаъоли Толибон… Оё чунин ба назар намерасад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба оҳистагӣ ишғоли қудрат аз ҷониби Толибонро* ҷомаи расмӣ мепӯшонад?
– Толибон* то ҳол дар рӯйхати сиёҳи СММ қарор доранд ва барои хориҷ шудан аз он ба ташаккули имиҷи мусбат эҳтиёҷ доранд. Ҳоло онҳо талош карда истодаанд, ки худро ҳамчун нерӯи сулҳомез, қудрати тавоно, нерӯи дорои ҳокимияти комил дар Афғонистон нишон диҳанд. Онҳо кӯшиш карда истодаанд, ки бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон иртибот барқарор кунанд, муносибатҳои тиҷоратиро ба роҳ монанд ва худро шарики боэътимод, на таҳдид барои минтақа ва ҷаҳон, муаррифӣ кунанд.
Ин ҳама конфронсҳое, ки бо иштироки Толибон* баргузор мегардад имконияти муфид барои ин гурӯҳ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳояшон мебошад. Давлатҳое, ки дар ин самт ба Толибон* кӯмак мекунанд, низ ҳадафҳои мушаххаси худро доранд. Аз ҷумла, Русия ва Чин бо ташкили ҳамоишҳо барои Толибон* мехоҳанд аз густариши нуфузи кишварҳои Ғарб ҷилавгирӣ намоянд, Покистон қудрат ва таъсири худро дар минтақа мехоҳад таҳким бахшад, Ӯзбекистон мехоҳад лоиҳаҳои стратегӣ ва коммуникатсионии хешро тавассути хоки ин кишвар амалӣ созад. Яъне ин як навъ ҳамкории дуҷониба барои расидан ба ҳадафҳои алоҳида мебошад.
Воқеан, аз эҳтимол дур нест, ки минбаъд барои эътирофи расмии ин гурӯҳ аз ҷониби давлатҳои алоҳида иқдоми ҷиддитаре сурат гирад. Масалан, тӯли як соли охир Чин бисёр талош кард, ки дар ҷаласаҳои Созмони ҳамкории Шанхай Толибон* ҳузур дошта бошанд, аммо давлатҳои алоҳидаи аъзои созмон муқобили ин пешниҳод пофишорӣ доранд.
– Толибон пайваста таъкид мекунанд, ки “мо Толибони солҳои 90-ум нестем”. То куҷо амалҳои онҳо аз “Толибони солҳои 90” тафовут дорад?
– Толибон* шахсони алоҳида нестанд, ин мафкура ё идеология аст. Аз ин лиҳоз, пас аз 20 соли ҷангу хунрезӣ бо ҳукумати Афғонистон, яроқро гузоранду даъво пеш оранд, ки тағйир ёфтаанд, боварнокарданист. Гузашта аз ин, роҳбарияти кунунии Толибон* ҳамонеанд, ки аз солҳои 90-ум дар ин гурӯҳ фаъолият доранд.
Дуруст аст, ки як гурӯҳи калони ҷангиёни Толибон* иваз шуданд, бархе куштаву қисме фирорӣ гардиданд, аммо мафкураи онҳо ҳамоне боқӣ монд, ки дар соли 1996 буд. Дар ин як сол, манъи таҳсили духтарону фаъолияти занон, қатлҳои намоишӣ, дағалона поймол шудани ҳуқуқи инсон, ки сокинони Афғонистон аз замони ҳукумати пешини Толибон хуб дар хотир доранд, бори дигар мушоҳида гардид.
Пас тафовут байни “Толибони 2021” ва “Толибони 1996” дар чист?
Оғози муколамаи ҷаҳон бо Толибон*
–Дар конфронси Тошканд, ки шумо иштирок доштед, ҷаҳон ба Толибон* ва Толибон* ба ҷомеаи ҷаҳонӣ чӣ паём доданд?
-Дар бахши аввал ду шакли муносибат ба Толибон* вуҷуд дошт. Гурӯҳи аввал давлатҳои ҳамсояи Афғонистон ва минтақа буданд, ки асосан рӯйи масъалаи амният ва таҳдидҳо сӯҳбат карданд. Гурӯҳи дуввум, кишварҳои аврупоӣ буданд, ки асосан ба масъалаи таъмини ҳуқуқи башар, фаъолияти Толибон* дар самти ҳамкориҳои молиявӣ, таъмини иҷтимоӣ ва гуманитарӣ таваҷҷӯҳ доштанд. Мавқеи муштарак ин буд, ки тамоми кишварҳо ба зарурати таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон таъкид доштанд.
Ҳамчунин, қатъи ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои террористӣ, маҳви истеҳсол ва фурӯши маводи мухаддир, иҷозаи анҷоми мисияи гуманитарӣ дар Афғонистон аз мавзӯъҳое буданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар конфронси Тошканд аз Толибон тақозо дошт.
Масъалаи дигаре, ки мавриди баҳс қарор гирифт, ин сармояи ҳабсшудаи Бонки марказии Афғонистон дар муассисаҳои молиявии байналмилалӣ буд. Таъкид гардид, ки вақте дар Афғонистон ҳукумати қонунманд ва қавӣ нест, боз кардани суратҳисоби Бонки марказии Афғонистон ғайриимкон аст.
Барнагардонидани чархболҳои ҳукумати пешини Афғонистон аз сӯи Тоҷикистону Ӯзбекистон низ ба ҳамин масъала иртибот дорад, ки дар кишвар ҳукумати расмӣ вуҷуд надорад. Дар ҳоли ҳозир баргардонидани чархболҳо ба Толибон* додани техникаи низомӣ ба гурӯҳи террористӣ арзёбӣ мешавад.
Толибон ба конфронс бо омодагӣ ташриф оварда буданд ва асосан дар ду бахш сӯҳбат карданд: дастовардҳо ва мушкилҳо.
Таъмини амният, оғози раванди таъмини ҳуқуқи башар, ба сифр расонидани фасод ва талошҳо барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи дастовардҳои хеш муаррифӣ карданд, ки тайи як сол ба он ноил шуданд.
Гилаи онҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ин буд, ки суратҳисобҳои бонкияшон баста аст ва онҳо наметавонанд дар муомилоти пулӣ иштирок кунанд.
Бахши дуюми суханронии онҳо оид ба мушкилиҳояшон буд. Онҳо эътироф карданд, ки дар Афғонистон мушкилӣ зиёд аст ва дар баробари ин, таъкид доштанд, ки ин мушкил натиҷаи канорагирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳамкорӣ бо онҳо мебошад. Онҳо гуфтанд, ки агар ғамхори Афғонистон бошед, биёед бо ҳукумтаи мо ҳамкорӣ кунед ва Афғонистонро обод кунем.
Толибон* таъкид намуданд, ки агар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба амнияти Афғонистон, раванди осоиштагӣ ва ҳар масъалаи дохилӣ шак дорад, онҳо омодаанд, ки дилхоҳ комисияи байналмилалиро дар дохили кишвар қабул кунанд ва тамоми шароитро барои онҳо муаҳайё созанд. Онҳо худ хостори ташкили чунин як комисияи байналмилалӣ шуданд.
Дар умум, конфронси Тошканд майдони муколамаи Толибон* ва ҷаҳон буд.
“Тоҷикистон нагуфтааст, ки Толибонро* ба расмият намешиносад”
– Тоҷикистон дар ин ҳамоиш аз кадом мавқеъ баромад кард?
– Ҳайъати Тоҷикистон дар ин конфронс бори дигар мавқеи худро дар робита ба вазъи кунунии Афғонистон таъкид намуд. Гуфта шуд, ки ягона роҳи таъмини амният ва суботи Афғонистон ташкили ҳукумати фарогир бо ҷалби намояндагони ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ ва қавмии Афғонистон аст.
Намояндагони Толибон* иддао пеш оварданд, ки дар ҳукумати сарпарасти феълӣ намояндагони тамоми қавмҳо иштирок доранд. Сарпарасти вазорати корҳои хориҷии Афғонистон Амирхон Муттақӣ гуфт, ки дар ҳайати ба конфронси Тошканд ташрифоварда чанд нафар аз тоҷикону ӯзбекон ва ҳазораҳо иштирок шомиланд.
Дар умум, Толибон даъво доранд, ки онҳо ғолибанд ва дахолат дар ташкили ҳукумат ин мудохила ба корҳои дохилии давлати онҳо мебошад.
– Тоҷикистон дар робита ба ишғоли қудрат дар Афғонистон мавқеи оштинопазирро ихтиёр кард, аммо робитаҳои иқтисодии худро ҳамоно идома медиҳад. Оё ин ба маънои тағйири тадриҷии мавқеъ нест?
– Мо бо Толибон* ҳамкорӣ надорем, гардиши тиҷоратие, ки ҳаст бо мардуми Афғонистон аст. Яъне ин танҳо тиҷорат байни тоҷирони ду кишвар мебошад.
Гузашта аз ин, идомаи ҳамкории иқтисодӣ аз мавқеи башардӯстонаи Тоҷикистон дарак медиҳад. Яъне Тоҷикистон танҳо ба хотири беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии мардуми Афғонистон интиқоли маводи ғизоӣ ва нерӯи барқро ба ин кишвар идома медиҳад.
Ҳамчунин, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ нагуфтааст, ки Толибонро* ба расмият намешиносад, балки мисли тамоми давлатҳои мутамаддин тақозои ташкили ҳукумати ҳамашумул ва машрӯъро кардааст. Агар Толибон* ҳамин шартҳорро иҷро кунанд ва бо роҳандозии ислоҳоти кулл аз рӯйхати сиёҳи СММ берун шавад, бо онҳо метавонем ҳамкорӣ кунем.
“Тоҷикистон қудрати ҳимояи марзу бумашро дорад”
– Таҳдидҳои қумандонҳои алоҳида ва лоббиҳои Толибон ба Тоҷикистон то куҷо ҷиддӣ аст? Дар дарозмуддат оё онҳо воқеан таҳдиде ба Тоҷикистон ва минтақа эҷод мекунанд?
-Онҳо барои фазосозӣ чунин даъвоҳо мекунанд. Онҳо худро ҳамчун нерӯи қавӣ дар минтақа муаррифӣ кардан мехоҳанд ва аз забони мақомҳои гуногун таҳдидҳо мекунанд. Ин ба ҳамон мавқеи интихобкардаи Тоҷикистон алоқаманд аст.
Дар асл Тоҷикистон зарфияти ҳимояи марзу буми худро дорад.
– Толибон* ҳадди ақал чанд сол дар сари ҳукумати Афғонистон мемонанд?
– Агар ба ҳамин шеваи фаъолият идома диҳанд, шояд 3 – 4 сол дар қудрат боқӣ монанд. Агар тафаккури худро дигар кунанд, тағйири сохторӣ анҷом диҳанд ва ба таъқибу куштору фишор хотима бахшанд, ҳуқуқи башарро эҳтиром кунанд метавонанд барои дарозмуддат дар қудрат бимонанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст