Писари гӯштингири маъруфи тоҷик, аввалин қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо аз Тоҷикистон Саидмумин Раҳимов ба гумони даст доштан дар куштор боздошт шуд. Саидаҳмад Раҳимови 22-сола ба куштани шиноси худ – сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб Маҳаммадҷовид Зокирзода гумонбар дониста мешавад.
Дар ин бора дар барномаи навбатии телевизионии “Ахбори ВКД” маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод.
Дар гузориши видеоӣ гуфта мешавад, ҳодисаи куштори Зокирзода рӯзи 5 август рух додааст.
“Зимни тафтишот муайян карда шуд, ки гумонбаршуда ва фавтида байни худ муносибатҳои молиявӣ доштаанд, – зикр шуд дар гузориш. – Қарзи пулӣ ба муноқиша бо анҷоми хунин боис гардид”.
Дар гузориш иттилоъ дода шуд, ки Муҳаммадҷовид Зокирзода бо 17 зарбаи корд кушта шудааст.
“Вақте гардани маро гирифт, дастонам кушода буданд. Чанд бор ӯро тела дода, лекин озод шуда натавонистам. То сар доданаш ба шикаму пойҳояш бо корд зарба задам. Вақте ки маро раҳо кард, дидам, ки хун равон аст. Инро дида гурехтам…”, – нақл мекунад дар навори видео худи Саидаҳмад Раҳимов.
Айни замон Саидаҳмад Раҳимов дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбати ӯ мутобиқи моддаи 104, қ. 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Одамкушӣ бо бераҳмии махсус) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ин модда аз 10 то 15 соли маҳрумият аз озодӣ ё ҳабси якумра ҷазо пешбинӣ шудааст.
Дар бораи дигар ҷузъиёти ҳодисаи мазкур ВКД маълумот надод.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 17 август зимни мусоҳиба ба Радиои Озодӣ, модари ҷавони кушташуда Матлуба Ғаниева дар ин робита изҳор намудааст, ки писараш ба тиҷорат машғул буд ва ҳамон рӯз бояд ба Туркия барои маҳсулот парвоз мекард.
"Ҳамон рӯзе, ки мурдаи писарамро оварданд, соати 1 ё 2 бачаи ман билет дошт, бояд мерафт Туркия. Хайрухуш кард. Ба рафиқаш, ки ҳамсинф низ ҳастанд, гуфт, пулро дода наметавонистӣ, мегуфтӣ наметавонам. Рафиқаш ваъда дод, ки медиҳам, рафтем хонаи хусурам. Пулро надиҳам гуфта, бачаамро 16 корд зада куштааст", – гуфтааст модари Муҳаммадҷовид.
Саидмумин Раҳимов (1946-2009) аввалин гӯштингир аз Тоҷикистон аст, ки ба унвони қаҳрамон ҷаҳон оид ба самбо дар соли 1975 шарафёб гардид. Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳозир номи ӯро дорад.