Дар Душанбе аз Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон, ки дар Қасри теннис ва навъҳои варзиш дар об доир гардид, натиҷагирӣ шуд.
Чемпионат бо пирӯзии бечунучарои тими Эрон, ки аз 10 медали тилло 8-тоашро ба даст овард, анҷом ёфт. Ду медали тиллои боқимонда насиби дастаҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон шуд.
Қобили зикр аст, ки дастаи Эрон дар навъи омехта (марду зан) рақобат накард, зеро қонунҳои ин кишвар ба бозии якҷояи марду зан иҷоза намедиҳанд.
Мунтахаби Тоҷикистон 7 медал – 1 нуқра ва 6 биринҷӣ ба даст овард. Омина Охунқадамова ва Мафтуна Шарифова дар навъи ҷуфт байни духтарони синни то 17-сола зинаи дуюмро ишғол намуданд.
Ба ин тариқ, тибқи натиҷаҳои умумидаставӣ, зинаҳои ишғолкардаи дастаҳо тариқи зайл аст: 1. Эрон – 12 медал (8 тилло ва 4 нуқра), 2. Ӯзбекистонн – 10 медал (1 тилло, 4 нуқра, 5 биринҷӣ), 3. Қазоқистон – 10 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 8 биринҷӣ), 4. Тоҷикистон – 7 медал (1 нуқра ва 6 биринҷӣ), 5. Қирғизистон (1 медали биринҷӣ).