Сайру гашти ройгони хиёбони марказии Душанбе ва ироаи маълумот оид ба ёдгориҳои меъмории пойтахти кишвар аз иқдомҳои нави шаҳрдории Душанбе ба ҳисоб меравад, ки таҳти унвони “Саёҳати шоми Душанбе” роҳандозӣ гардида, мақсади асосии он ҷалби сайёҳон муаррифӣ мешавад.
Иқдоми мазкур ҳар ҳафта рӯзи шанбе аз соати 20 то 21 роҳандозӣ мегардад ва хабарнигори Asia-Plus дар он иштирок ва аз ҷараёни он гузориш омода намуд, ки метавонед дар зер тамошо кунед.