Як манбаъ аз Суди вилояти Хатлон ба “Asia-Plus” хабар дод, ки се нафар маҳкумшудаи парвандаи пурсарусадои куштори оилаи Маҳмадовҳо дар ноҳияи Ҷайҳун ба Суди Олӣ шикояти кассатсионӣ бурдаанд.
“Қиёмиддин Насриддинов, Маҳмадғаюр Хайбуллоев ва Адолат Шерматова бо ҳукми суди вилоят розӣ нашуда, аз болои он ба Суди Олӣ шикоят бурдаанд”, – гуфт манбаъ.
Хабари шикояти маҳкумшудаҳоро Саймумин Кабиров, адвокати Маҳмадғаюр Хайбуллоев дар суҳбат бо “Asia-Plus” тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ки бо ҳукми Суди вилояти Хатлон нисбати зерҳимояаш розӣ нестанд ва аз болои он ба Суди Олӣ шикояти кассатсионӣ бурдаанд.
“Гуноҳи зерҳимояи ман на дар рафти тафтишоти пешакӣ ва на дар рафти мурофиаи судӣ тасдиқи худро наёфтанд. Суд ҳама дархостҳои моро вобаста ба таъини тафтишоти прокурорӣ рад кард. Ғайр аз ин, баёнотҳои зерҳимояи ман дар парванда ва айбнома фарқкунанда буданд. Аз ин хотир, мо бо ҳукми суд розӣ нашуда, шикоят бурдем”, – гуфт Саймумин Кабиров.
Қаблан, зимни мурофиаи судӣ ҳар се айбдоршаванда аз баёноте, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ дода буданд, даст кашида, худро дар куштори оилаи Маҳмадовҳо бегуноҳ дониста буданд. Онҳо даъво доштанд, ки зери фишор ва бар асари шиканҷа баёнот додаанд.
Аммо новобаста ба ин, Суди вилояти Хатлон Қиёмиддин Насриддинов, Маҳмадғаюр Хайбуллоев ва Адолат Шерматовро дар куштори оилаи Маҳмадовҳо гунаҳгор дониста, дуи аввалро ба ҳукми абад ва Адолат Шерматовро ба 29 соли зиндон маҳкум карда буд.
Куштори пурсарусадои падари оила ва се фарзанди ноболиғаш шаби 12 июни соли 2021 рух дод. Аҳлиддин Маҳмадови 39-сола ва се фарзанди 8,13 ва 14-солааш ба таври ваҳшиёна кушта шуданд.
Қаблан Вазорати корҳои дохилаи кишвар видеоеро вобаста ба ин ҷиноят нашр кард. Дар ин навори видеоӣ сокинони ҳамин ноҳия Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғайюр Ҳайбуллоев нақл карданд, ки чӣ гуна ин кушторро содир кардаанд.
Баъдан, аз хонаводаи Маҳмадов, ҳамсараш Латофат Азизова ва як писараш, ки зинда монданд, гумонбаронро шинохтанд.