Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар пайи шикояти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ масъули нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт ва дӯкони фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум, воқеъ дар маҳаллаи Гипроземро ҷарима кардаанд.
Муҳаммадӣ Холматов барои “иҷозаи гузоштани нақлиёт дар роҳи пиёдагард” ва Ҷамшед Раҷабов барои “коста гардонидани ҳусни атроф ва халалдор кардани ҳаракати шаҳрвандон” ҷаримабандӣ гардиданд, хабар медиҳад сомонаи раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
“Мизоҷони нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт, аз хунукназарии масъулони нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт истифода бурда, автомашинаҳои худро дар байни роҳи пиёдагард гузоштаанд. Фурӯшанда Ҷамшед Раҷабов бошад, танӯрҳои худро дар ду канори роҳи пиёдагард гузошта, дар баробари коста гардонидани ҳусни атроф, ба ҳаракати шаҳрвандон халал ворид сохтааст”, – омадааст дар хабар.
Таъкид мегардад, ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ин нафаронро дар пайи нашри акс аз ҷониби корбари «Фейсбук» ва хоҳиши андешидани чораҳои зарурӣ, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб намудааст.