Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи қонун «Дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре аз хадамоти матбуоти парлумон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, қонуни мазкур дар асоси тавсияҳои кишварҳои узви ИДМ қаблан соли 1998 қабул гардидааст, вале бо назардошти пеш омадани ҳалли масоили тоза бо ташаббуси ҳкумати кишвар ба баррасии парлумон лоиҳаи нави қонун пешниҳод шудааст.
Ба иттилои манбаъ, омӯзиши пешакии лоиҳаи қонун нишон дод, ки он аз баъзе норасоиву камбудиҳо орӣ нест ва намояндагони парлумон ҷиҳати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба чанде аз моддаҳо пешниҳоду тавсияҳои хешро иброз намуданд. «Акнун гурӯҳи кориро зарур аст, ки бо назардошти пешниҳоду тавсияҳо ҷиҳати такмили лоиҳаи қонун чораҳо андешад», – афзуд манбаъ.