Давоми моҳҳои январ-майи соли равон ба Тоҷикистон ҳудуди 28 ҳазор тонна орд ва 463 ҳазор тонна гандум ворид шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта воридоти орд ба ҷумҳурӣ дар ин давра қариб 10% афзуда, воридоти гандум 10,8% кам шуд.
Нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2021 нархи орди воридотӣ 50% ва гандум – 22% боло рафтааст.
Арзиши умумии орди ба Тоҷикистон овардашуда давоми моҳҳои январ-майи соли равон беш аз 10,2 млн доллар ва гандум – 155,2 млн долларро ташкил додааст.
Ҳиссаи орд дар ҳаҷми умумии воридоти Тоҷикистон дар ин давра ба 0,4% ва гандум – ба 5,6% баробар шудааст.
Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ, ҳудуди 98%-и орду гандум аз Қазоқистон ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад.
Тибқи маълумоти Агентии омор, нархи чаканаи орди гандуми навъи якум дар нуқтаҳои фурӯши кишвар 20,8% зиёд шуд.
Қобили зикр аст, ки талаботи солонаи Тоҷикистон ба орд 1 млн тонна арзёбӣ мешавад.
Дар Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҳукумат, Тоҷикистон дар зарфи се соли наздик воридоти гандумро ба андозаи 21,4% ва истеҳсоли онро – 12% зиёд кардан мехоҳад.
Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли 2021 дар кишвар 1 млн 577 ҳазор тонна зироати ғалладона, аз ҷумла 864 ҳазор тонна гандум истеҳсол шуд. Имсол ба даст овардани 1 млн 594 ҳазор тоннна зироати ғалладона пешбинӣ шудааст, ки 917 ҳазор тоннаашро гандум ташкил медиҳад.