spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Воқеияти Толибон ва фоҷеаи Афғонистон

Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон ва фармондеҳи достони зидди Толибон дар баъзе сарчашмаҳо 1 ва дар баъзеи дигар 2 сентябри соли 1953 таваллуд шудааст ва агар ӯ дар қайди ҳаёт мебуд 69 – сола мешуд. Ӯ яке аз чеҳраҳои муаасир ва калидии ҳаракати муқовимати миллӣ дар Афғонистон дониста мешавад, ки ҳамеша барои озодии халқу давлати хеш мубориза бурдаву ҷавонмардона набард кардааст. Дар аҳди ҳукуматдории Бурҳониддин Раббонӣ, президенти Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд вазири дифои ин кишвар буд ва пас аз суқути давлат дар зодгоҳи хеш – дараи Панҷшер камин гирифтаву бар зидди Толибон то охирин лаҳзаи ҳаёти хеш ҷангид. Дар охир, 9 сентябри 2001 аз ҷониби террористони араб ноҷавонмардона террор шуд.

“Покистон – масъули идомаи ҷанг дар Афғонистон”, унвони ягона мақолаест, ки Аҳмадшоҳ Масъуд, фармондеҳи номдори нерӯҳои зиддитолибон, дар соли 1998 барои нашрияи “Фигаро” – и Фаронса навиштааст.

Дар ин мақола, фармондеҳ Масъуд, сиёсати тавсеаталабонаи Покистон ва мудохилоти ин кишвар дар умури дохилии Афғонистонро, ки ба эътиқоди ӯ, Толибон дар ҳамин росто эҷод ва тақвият шуд, умдатарин омили давоми ҷанг донистааст. Вақте ин мақоларо бихонед, ки дар он гурӯҳ Толибон ба муаррифӣ гирифта шуда ва ҳамчунон дар мавриди робитаи ин гурӯҳ бо Покистон сухан гуфта шуда, дармеёбед, ки бо гузашти наздик ба се даҳа на Толибон тағйир карда ва на ҳам сиёсатҳои Покистон дар қиболи Афғонистон! Хондани ин мақола дар шароите, ки боз ҳам Толибон ба кӯмаки Покистон ба қудрат расида ва бо нерӯҳои иттиҳоди шимол ба раҳбарии фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд дар ҷанг аст, ҳоизи аҳамият аст.

Даҳ сол аст, ки Артиши Сурх хоки Афғонистонро тарк намуда. Аммо ҷангу хунрезӣ дар ин кишвар то имрӯз идома дорад, иллати он чист? Ва гардонандагони он кистанд?

Аксаран дар хориҷ мардуми Афғонистонро ба хотири идомаи ҷанг дар кишварашон маломат мекунанд. Гоҳе ҷанги ҷории Афғонистонро ҷанги қудрат мехонанд ва замоне омили қавмӣ, забонӣ ва…ро дар ин робита барҷаста медонанд.

Ин тарзи дид метавонад бархе аз воқеият буда бошад. Дар ҳоле, ки ба ақидаи ман ду масъалаи дигар беш аз ҳама бар идомаи ҷанг ва вайронии Афғонистон баъд аз ақибнишинии қувваҳои Шуравӣ нақш доштаанд:

Як: фаромӯш шудани Афғонистон тавассути Ғарб;

Ду: Таҳаввули сиёсати Покистон дар ҷиҳати ифои нақши як қудрати минтақавӣ;

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
«Толибон» Чамани Хустдеҳ, қароргоҳи таърихии Аҳмадшоҳ Масъуд ва ҷойе, ки Раҳмону Нурӣ соли 1996 таҳдоби сулҳи тоҷиконро гузоштанд, ғасб карданд

Баъд аз шикасти асокири Шӯравии собиқ аз Афғонистон ва саранҷом фурӯпошии он императорӣ Ғарб эҳсоси роҳате намуда ва Афғонистонро, ки дар хати муқаддами набард алайҳи коммунизм истода буд, ба фаромӯшӣ супурд. Дар муқобил Покистонро, ки аз солҳои қабл бо Афғонистон рӯйи мавзуи хатти Дюранд (марзи байналмилалии Дюранд) ихтилофи таърихӣ дошт, дар садад баромад то аз авзоъ ба нафъи худ баҳрабардорӣ намояд. Вуҷуди миллионҳо муҳоҷири афғон (афғонистонӣ) ва дафотири раҳбарони аҳзоби ҷиҳодӣ дар Покистон ба он кишвар шароитеро мусоид сохт, то ба осонӣ нуфузи худро дар миёни бархе ҳалақоти афғонӣ (афғонистонӣ) бигустаронад. Давлати Покистон дар ин давра сарриштаи кӯмакҳои ҷаҳони хориҷро ба муҳоҷирини афғон (афғонистонӣ) дар даст гирифт, ки ба асари он қодир шуд, то бо дасти боз афроди мавриди назари худро тақвия намояд.

Покистон таври плоншуда аз ваҳдат ва ҳамоҳангӣ миёни аҳзоби ҷиҳодӣ то ахир ҷилавгирӣ ба амал овард. То аз як сӯ дар натиҷаи ихтилоф ва чандпорчагии муҷоҳидин ба дохили суфуфи онҳо рахна намояд ва аз сӯйи дигар, дар муносиботи хориҷӣ, намояндагии муҷоҳидини афғон (афғонистонӣ) –ро, ки дар ҷаҳон шуҳрат доштанд, ба уҳда бигирад ва то охир он кишвар аз сӯйи муҷоҳидин намоянда намуд.

Шикасти императории Шӯравӣ, аз як тараф, таваҷҷуҳи моддӣ ва маънавии ҷаҳон дар солиёни ҷиҳод ба Покистон, аз тарафи дигар, боис гардид, то давлатмардони Покистон доктринаеро иттихоз намоянд, ки ҳам ниёзмандиҳои амниятии онҳоро бароварда созад ва ҳам қаламрави сиёсӣ ва иқтисодии Покистонро тавсеа бахшад. Меҳвари аслии стротежии онҳоро эҷоди як ҳукумати муздур дар Афғонистон ташкил медиҳад.

Як: пайдо кардани умқи стротежик;

Дувум: дастрасӣ ба манобеи дастнахӯрдаи Афғонистон;

Севум: истифода аз Афғонистон ба ҳайси як пойгоҳ дар ҷиҳати пахши нуфузи хеш дар Осиёи Миёна;

Чорум: дастрасӣ ба як роҳи мувосилотӣ ба Осиёи Миёна;

Панҷум: аз байн бурдани мушкили хатти Дюранд (марзи байналмилалии Дюранд).

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Покистон дар тӯли ҳаёти сиёсии хеш бо Ҳинд ва Афғонистон робитаи хасмона дошта ва аз ду ҷониб шимолу ҷануб дар ранҷ ба сар мебурд. Покистон бо Ҳинд рӯйи Кашмир ва бо Афғонистон рӯйи хатти Дюранд (марзи байналмилалии Дюранд), ки як муъзилаи сарҳадӣ аст, ихтилофи дерина дорад. Бинобар ин, аз дидгоҳи Покистон эҷоди як ҳукумати муздур дар Афғонистон аз як сӯ аҳдофи иқтисодии он кишварро бароварда месозад, аз сӯйи дигар, аз назари дифоӣ дар ҷангҳои баъдӣ бо Ҳиндустон барояш аз аҳамияти ҳаётӣ бархурдор аст. Чӣ ба он кишвар умқи стротежик мебахшад ва неруи муқовиматашро дар баробари ҳамалоти Ҳинд афзоиш медиҳад.

Қазияи муоҳидаи Дюранд бо гузашти ҳар сол барои Покистон ҳоизи аҳамияти бештаре мегардад, зеро қарордоди марзии Дюранд ба садсолагии худ (дар матни муоҳидаи марзи байналмилалии Дюранд тазаккури замонӣ қайд нашудааст) наздик шуда ва Афғонистони пирӯз наметавонист дар ин росто сукут ихтиёр намояд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин масоил Покистон стратегияи худро дар робита ба кишвари мо бештар ҷанбаи амниятӣ додааст, ки бар асоси он сиёсатҳои афғонӣ (афғонистонӣ) – и он кишвар на тавассути вазорати хориҷа, балки ба василаи низомиёни Покистон ба пеш бурда мешавад. Аз ин рӯ, рӯйи саҳна омадани яке ва канор рафтани дигаре ҳеҷ гуна тағйире дар росто оварда натавонистааст.

Суқути режими коммунистии доктар Наҷибуллоҳ дар баҳори соли 1371 ҳиҷрӣ-хуршедӣ барои истихбороти Покистон мояи сарафкандагӣ гардид, чӣ он созмон рӯйи гуруҳҳое дар Афғонистон сармоягузорӣ карда буд, ки дар фатҳи Кобул дастоварде надоштанд, аз сӯйи дигар, ҳассосияти Покистон вақте дар баробари ҳукумати навбунёди муҷоҳидин дар Кобул барангехта шуд, ки миқдори хеле зиёди аслиҳа ва таҷҳизоти ҷангӣ аз рокетҳои скоди русӣ гирифта, то стингери амрикоӣ дар ихтиёри муҷоҳидин қарор гирифт.

Низомиёни Покистон, ки наметавонистанд мардона ба иштибоҳоти худ эътироф намоянд, дар пайи тазъифи давлати муҷоҳидин баромаданд ва аз ихтилофоти мавҷуд миёни гуруҳҳои муҷоҳидин ба баҳрагирӣ оғоз намуданд. Нахуст Гулбиддин Ҳикматёр дӯсти дерини худро алайҳи давлати муҷоҳиддин таҳрик ва таҷҳиз намуданд. Вақте нотавонии Ҳикматёр дар ғалаба бар давлати устод Бурҳониддин Раббонӣ ошкор гардид, Покистон гуруҳи ифротии дигареро таҳти номи Толибон эҷод намуд, ки дар хазони соли 1373 ҳиҷрӣ- хуршедӣ аланан ба фаъолиятҳои мусаллаҳонаи хеш дар Афғонистон оғоз кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Низомиёни Покистон барои дастёбӣ ба аҳдофи хеш пайваста аз мазҳаб сӯистифода намуда, дар даврони ҷиҳод Гулбидин Ҳикматёрро, ки ба хушунат шуҳрат дорад, тақвия намуда, бештарин имконоти моливу низомиро дар ихтиёри вай қарор доданд. Бад-ин истидлол, ки бунёдгароии коммунизмро фақат бо бунёдгароии исломӣ метавон посух гуфт. Вале ба зудӣ ҷаҳон натиҷаи ин сиёсати ғалати Покистонро мушоҳида кард, ки чӣ тавр Гулбиддин Ҳикматёр бо гуруҳҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон иртибот қоим намуда ва ба ҷангу куштор дар бисёре аз кишварҳо доман зад.

Покистон, ки наметавонист ба танҳоӣ мушкилоти иқтисодӣ ва сиёсии ҳимоя аз Толибонро таҳаммул намояд, бо тарфанд мудохилоти хешро дар Афғонистон тавҷеҳ намуда, бад-ин тартиб Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои арабиро иғфол карда ва ҳимояташонро аз гуруҳи Толибон ҷалб кард.

Покистон, Толибонро як гуруҳи бунёдгаро, балки як неруи зидди пешрафт ва тараққӣ муаррифӣ намуд, ки ҳеҷ гуна барномае хориҷ аз марзҳои Афғонистон надоранд ва аз он гузашта Покистон Толибонро ягона неруе хонд, ки бо давлати Эрон душманӣ доштаву Амрико бо тақвияи Толибон метавонад Эронро аз ҷониби Шарқ мавриди таҳдид қарор диҳад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Абдунабӣ Cатторзода: Барои вазъи имрӯзи шимоли Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд муқассир нест

Амрикоиҳо қонеъ шуда буданд, ки мавқеияти Толибон метавонад манофеи иқтисодии фаровоне низ насиби онҳо созад, тамдиди лӯлаи нафту газ аз Туркманистон аз масири Афғонистон ба Покистон ва Ҳинд яке аз ин барномаҳои умда буд, ки амрикоиҳо аз он мадорик манофеи зиёдеро дар сар мепарварониданд.

Покистон сиёсатҳои табъизомези Толибонро дар мавриди занон ва духтарон як равиши тактикӣ вонамуд месохт ва бад-ин васила аз вокуниши Ғарб мехост ҷилавгирӣ намояд. Иштибоҳи умдаи Амрико он буд, ки дар даврони ҷиҳод ин имтиёзро ба Покистон дод, то дар мавриди Афғонистон дасти боз дошта бошад ва дар робита ба аҳзоби ҷиҳодӣ ҳарчи мехоҳад анҷом диҳад. Ин сиёсат рафта-рафта Амрикоро дар қазияи Афғонистон дунболарави Покистон сохт, тавре ки онҳо пазируфта буданд, то Афғонистонро аз диди Покистон бингаранд.

Баъд аз суқути режими доктор Наҷибуллоҳ ва пирӯзии муҷоҳидин барои бори дуюм ин иштибоҳ аз сӯйи Амрико такрор шуд ва Покистон бидуни кадом музоҳимати байналмилалӣ фурсат ёфт,  то сиёсатҳои таҷовузкоронаи худро дар Афғонистон дунбол намояд ва натиҷае, ки ин сиёсати Покистон дар даст дод, Афғонистонро ба бузургтарин маркази судури маводи мухаддир, пойгоҳи тарбияи террористон ва беэътиноӣ ба усули қавонини байналмилалӣ дар ҷаҳон табдил намуд.

Барои нозирини авзоъи Афғонистон ин нукта бисёр дилчасп аст, ки кишварҳои ҷаҳон ва Милали Муттаҳид ҳар кадом то заҳри Толибонро худ таҷриба накунанд, аз саргузашти дигарон ибрат намегиранд. Хонум Эмо Бунино, аввалин мақоми олирутбаи аврупоӣ буд, ки тавассути Толибон дар Кобул мавриди таҳвин ва таҳдид қарор ва ҳамроҳонаш барои чанд соат тавқиф шуданд. Дунё бояд ба хубӣ аз ин ҳодиса дарс мегирифт ва худро барои муқобила бо Толибон айёр месохт.

Толибон баъд аз тасарруфи шаҳри Кобул дар мизони 1375 ҳиҷрӣ-хуршедӣ дафтари намояндагии Милали Муттаҳидро мавриди ҳуҷум қарор доданд ва бо ҳалқовез кардани доктор Наҷибулллоҳ, ки ба ҳайси паноҳанда дар он дафтар зиндагӣ мекард, нишон доданд, ки ҳеҷ гуна арҷ ва мақоме барои Созмони Миллали Муттаҳид қоил нестанд. Як сол баъдтар як корманди олирутбаи он созмон ба василаи яке аз сарони Толибон дар Қандаҳор мавриди латукӯб қарор гирифт. Ин ҳама  барои Созмони Милали Муттаҳид басанда буд, то Толибонро мешинохт, аммо мавзеъгириҳои заифи он созмон боис шуд, то оқои Кормин Чорлу, афсари итолиёӣ, ки барои Милали Муттаҳид дар Кобул кор мекард, як рӯз баъд аз ҳамлаи рокетии Амрико ба пойгоҳҳои Усома бин Лодан низ тавассути Толибон кушта шуд.

Дунболаравии Амрико аз Покистон дар мавриди Афғонистон боиси он гардид, то сиёсатҳои Иёлоти Муттаҳида дар ду даҳаи ахир ба самар нарасад. Амрикоиҳо то замоне дар мавриди ҷонибдории Покистон аз Гулбиддин Ҳикматёр сукут ихтиёр намуданд, ки маркази тиҷорати ҷаҳонӣ дар Ню-йорк мунфаҷир гардид ва собит шуд, ки террористон дар пойгоҳҳои марбут ба Ҳикматёр омӯзиш дидаанд.

Ҳамчунон замоне мутаваҷҷеҳ гардиданд, ки хушбиниашон дар мавриди Толибон ғалат аст, ки сафоратхонаҳои Амрико дар Кения ва Танзания мунфаҷир гардид. Таваҷҷуҳ кунед, Мулло Муҳаммад Умар, сардастаи Толибон Усомаро дар канори хеш ҷо дода ва бо ӯ пайванди хешӣ барқарор намуда ва сареҳ аз ӯ ҳимоят мекунад, аммо мақомоти Арабистони Саудӣ боз ҳам боварашон намеояд. Оқои Туркӣ Файзал, раиси истихбороти Саудӣ вориди Қандаҳор мегардад, то Усомаро бо худ бибарад, аммо натиҷаи ин сафар ҷуз тавҳин ва таҳқири Туркӣ Файсал тавассути Толибон чизи дигаре наметавонист бошад. Толибон дар баробари ин ҳама иқдомоташон ҳаргиз худро муқассир намешумурданд, балки интизори аҷру подошро низ доранд, зеро онҳо фикр мекунанд кофиронро кушта ва савоб камоӣ кардаанд.

Ба назари ман (Аҳмадшоҳи Масъуд) шинохти Толибон барои ҷаҳониён бисёр душвор набуд, онҳо касонеанд, ки модарон ва хоҳарони худро ба ҳайси каниз ва бародарони худро ба унвони ғулом мегиранд, аммо сиёсатҳои Покистон, чунон ғарбиҳо ва арабҳоро иғфол карда буд, ки натавонистанд чунин воқеиятҳои барҷастаро мушоҳида кунанд.

Ақидаи ман дар мавриди сиёсати Покистон рӯшан аст. Ҳар кишваре ҳақ дорад, то манофеи худро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ҷустуҷӯ намояд, вале мутаассифона, Покистон барои тадбиқи стратегияи худ дар Афғонистон аз золимонатарин шеваҳо истифода намуда, тавре ки таърих назири онро камтар дидааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Давлати Покистон бо таҳрик ва таҷҳизи неруҳои муздури хеш алайҳи миллати Афғонистон басанда накард, балки бо тамос бо афрод ва гуруҳҳои мутааддид ва ташвиқи онҳо барои ҷанг ва роҳбандон, садамоти ҷуброннопазире бар пайкари миллат ворид оварданд. Садҳо арода танк, мутар ва даҳҳо фабрика ба василаи афроди вобаста ба Покистон тавассути диномит мунфаҷир гардида ва онҳо онро дар Покистон ба фурӯш расонидааст. Ҷӯйҳо ва бандҳои обёрӣ таври плоншуда тахриб гардида ва зироатро ба рукуд мувоҷеҳ сохтааст. Ҷангалоти Афғонистон ба таври бераҳмона қатъ шуда ва чӯби он ба Покистон бурда мешавад.

Бо доман задан ба ихтилофи миёни гуруҳҳо, урдуи Афғонистон фурӯ мепошид ва аксарияти афроди собиқи урду дар кӯчаҳои Покистон ба муздуркориҳои сангин маҷбур гардиданд. Бахши азими сомонолот ва пойгоҳҳои низомӣ тахриб ва аз истифода хориҷ шуд.

Ихтилофоти қавмӣ ва забонӣ тавассути Покистон миёни мардуми Афғонистон ташдид гардида, ҷанг ва хунрезӣ ба таври бесобиқае ба роҳ андохта шуд. Тавре ки дар тобистони соли ҷорӣ Толибон баъд аз тасарруфи шаҳри Мазори Шариф ҳазорон бошандаи он шаҳрро ба хотири тааллуқоти қавмӣ ва мазҳабиашон ба қатл расониданд, домани душманӣ ба ҳадде вусъат пайдо кард, ки Толибон амалан сиёсати тасфияи қавмиро дар шимоли кишвар рӯйи даст гирифтанд. Ҳазорон хонавода маҷбур ба кӯчи иҷборӣ шуда ва садҳо зану духтари ҷавон ба василаи онҳо ихтитоф гардиданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
"Толибон" ҳамла ба хонаи вазири дифои Афғонистонро дӯш гирифт. Писари Аҳмадшоҳ Масъуд ҳам дар ин хона будааст

Осори таърихии Афғонистон дар ҷараёни ин ҷангҳо вайрон гардида ва аҷноси марбут ба музейҳои кишвар дар бозорҳои Покистон ба лайлом рафт. Маъмурини давлатӣ ба баҳонаҳои гуногун аз вазоифашон сабукдӯш ва ё ба зиндон афканда шуданд ва бад-ин тартиб низоми идории Афғонистон низ нобуд гардид.

Макотиб ва мадорис дар Афғонистон масдуд шуда ва ба ҷойи он Покистон дар шаҳрҳои Кветта ва Пешовар барои атфол ва ҷавонони муҳоҷир макотибе эҳдос намуданд, то бад-ин гуна мардумро водор ба муҳоҷират карда, ғурур ва ватандӯстии онҳоро садама бизананд.

Вазъияти занон ва духтарон дар соҳоти таҳти контроли Толибон бисёр бадтар аз он аст, ки гуфта шуда, ҳаққи таҳсил ва ҳаққи гаштугузор дар хориҷ аз манзилро надоранд ва бинобар ин ҳатто тадовии онҳо дар шифохонаҳои таҳти контроли Толибон муҷоз нест.

Ин буд гӯшае аз сиёсатҳое, ки Покистон дар ҳаққи Афғонистон ва мардуми он раво доштааст. Барои он ки султа ва бодории онҳоро бипазиранд. Бад-ин тартиб он чӣ ҳамакнун дар Афғонистон ҷараён дорад, на як ҷанг, балки як фоҷеа аст, ки бо гузашти ҳар рӯз ба абъоди он изофа мешавад ва қариб аст, ки кишварҳои минтақаро низ ба сарнавишти Афғонистон мувоҷеҳ созад.

Омӯзиши садҳо даҳшатафкан ба василаи афсарони покистонӣ ва ҳамкории Толибон дар манотиқи сарҳади шарқии Афғонистон ҷанг ва ошӯбро сареъан ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон густариш медиҳад. Дар ин манотиқ аз ҷангҷӯёни кашмирӣ гирифта, то ошӯбгарони Фарғона ва иёлати Шинҷони Чин таълим ва тарбияи низомӣ мебинанд. Толибон Усомаро, ки дар чандин иқдоми террористӣ даст дорад, меҳмон хонда ва аз вай ба унвони як қаҳрамон ёд мекунанд. Бо тавсеаи соҳаи таҳти контроли Толибон заръи тарёк дар Афғонистон бештар мегардад. Тибқи тозатарин омор дар соли ҷорӣ (эҳтимолан солҳои 1377 ҳиҷрӣ-хуршедӣ) 32000 тон тарёк дар Афғонистон тавлид гардида, ки нисбат ба соли гузашта шонздаҳ дарсад афзоишро нишон медиҳад. Толибон аз зореини хашхош ушр (даҳ фисад) ахз медоранд, ки маънии он танҳо тақвияи бунияи молиашонро надошта, балки бо ин кори хеш ба заръи хашхош машруияти мазҳабӣ мебахшанд ва зореинро ташвиқ меамоянд. Сардастаҳои гуруҳи Толибон ва афсарони баландпояи покистонӣ ҳар кадом дар қочоқи маводи мухаддир саҳми мушаххасе доранд ва ҳар кадом саҳми худро аз тариқи ҳаво ва замин нахуст ба Осиёи Миёна содир намуда ва сипас ба Аврупо ва Амрико мефиристанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Интизори ман, монанди бисёре аз ҳамватанонам баъд аз пирӯзӣ дар баробари коммунизм он буд, то ҷаҳон ва билхусус кишварҳои ҳамсоя аз мардуми мо ба хотири нобудии коммунизм сипосгузорӣ мекарданд ва ба захмҳояшон марҳам мегузоштанд. Мардуми кишварамон бо сипар сохтани синаҳои худ, ҷони миллионҳо инсонро дар кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон ҳифз намуданд. Ва дарвоқеъ озодӣ ва ободии онҳо дифоъ намуданд, вале ҳайф дар фарҷом Покистон миллати моро аз ақиб ханҷар зад, Амрико ба ҳарфшунавӣ аз Покистон пардохт ва Аврупо бетафовутӣ ихтиёр кард.

Мардуми ҷаҳон бояд бидонанд, ки хатари Толибон ба ҳеҷ ваҷҳ камтар аз хатари коммунизм нест, ҳанӯз фурсати он вуҷуд дорад, ки бо он муқобила сурат гирад ва мардуми Афғонистон дар хатти муқаддами ин мубориза қарор доранд. Мубориза бо терроризм бо маводи мухаддир ва мубориза бо касоне, ки ҳуқуқи башарро ба расмият намешиносанд ва ҳеҷ меъёри пойбандӣ надоранд. Дар дохили Афғонистон мардум омодаи пайкоранд, мардум Толибонро муздури Покистон медонанд ва барои қиём дар пайи фурсатанд, ҷабаҳоти муҷоҳидин дар бисёре аз нуқоти кишвар ба қуввати хеш боқист. Муҷоҳиддин дар понздаҳ километрии шимол – пойтахти афғонистон сангар гирифтаанд.

Дар рӯзҳои ахир шаҳри Толиқон ва чандин минтақаи дигар аз тасарруфи Толибон озод гардид. Дар вилояти Балх, Ҷузҷон, Сарипул ва Форёб ҳазорон муҷоҳиди мусаллаҳ барои як таҳоҷуми васеъ омодагӣ мегиранд. Мардум дар соҳоти таҳти контроли Толибон аз зулму ваҳшати онҳо ба сутуҳ омадаанад. Ахиран, дар вилоёти шарқии кишвар қиёме аз сӯйи мардум ба роҳ афтод, ки бо мудохилаи низомиёни Покистон саркуб шуд.

Ихтилофи дарунии Толибон рӯз ба рӯз авҷ мегирад. Сайри таслимии фармондеҳони Толибон ба муҷоҳидин дар саросари кишвар тундтар гардидааст, бисёре аз афроди онҳо ба иштибоҳи худ пай бурда ва ангезае барои ҷанг надоранд. Он чи ҷаҳони хориҷ метавонад барои поён додан ба ин фоҷиаи инсонӣ анҷом диҳад, дутост:

Яке, ирсоли кӯмакҳои инсонӣ барои миллати ҷангзада ва дардманди Афғонистон;

Дигаре, пофишорӣ бар қатъи мудохилоти Покистон.

Бознашр аз сомонаи "Сангар"

Баргардонанда: Сипеҳри Кароматуллоҳ

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...