Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Марги Горбачёв ва Ансорӣ. Омили нафрату андӯҳи тоҷикон чист? - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Марги Горбачёв ва Ансорӣ. Омили нафрату андӯҳи тоҷикон чист?

18
18

Шабакаҳои иҷтимоӣ манбаи муҳими шинохти равандҳои зиндаи ҷомеа мебошанд. Ин зарфият барои роҳандозии осебшиносӣ имкон медиҳад ва баъзе вижагиҳои муҳити ҷомеаи Тоҷикистонро ба намоиш мегузорад. Дар як ҳафтаи охир ду хабари муҳим барои шинохти муҳити фазои иттилоотӣ пахш шуданд: марги Михаил Горбачев, охирон роҳбари давлати Шӯравӣ ва Муҷибураҳмони Ансорӣ, мубаллиғи Толибон.

Барои чӣ баррасии навиштаҳо, баҳсҳо ва шарҳҳо перомуни марги ин ду нафар дар муҳити шабакаҳои иҷтимоии ватанӣ муҳиманд? Посух ба ин суоли усулӣ барои такмилу муосирии фаъолияти манбаҳои афкорсоз зарур мебошад:

Бо пахши хабари марги Михаил Горбачев дар фазои шабакаҳои иҷтимоӣ селаи дуои бад ва нафрин навишта шуд. Нуктаи бебаҳс ин аст, ки Михаил Горбачев шахсияти таърихсози асри ХХ буд. Маҳз дар давраи роҳбарии ӯ СССР аз байн рафт ва Тоҷикистон соҳибихтиёрии худро эълон намуд. Таҳлилу арзёбии навишта ва шарҳҳои фейсбукӣ нишон медиҳанд, ки корбарон ба се гуруҳ тақсим шуданд: теъдоде Михаил Горбачев барои барҳам задани Шуравӣ гунаҳкор намуда, ба ӯ лаънат фиристоданд (i); дигарон (бахши кам вале аҳли фаҳм) хидмати Михаил Горбачевро дар роҳандозии озодии баён ва шикасти низоми тоталитарӣ зикр намуданд, ки дар натиҷа ҷумҳуриҳои СССР ба соҳибихтиёрӣ расиданд (ii); ва бахши ниҳоят кам таҳлилҳои бетараф ва усулиро нашр намуданд (iii). Бидуни баҳс, маҳз амалкард ва барномаи Михаил Горбачев барои худсолор шудани Тоҷикистон сабаб шуд (озодии ҳамаи ҷумҳуриҳои СССР ва фарҷоми низоми коммунистӣ дар Аврупои Шарқӣ). Аз ин дидгоҳ, ҳам арҷгузорӣ ба соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва ҳам лаънат фиристодан ба Михаил Горбачев то андозае дуруягии сиёсӣ аст. Ва нишон медиҳад, ки худсолории Тоҷикистон ба ҳайси арзиши зинда дар ҷомеа (ба хусус дар муҳити фикрӣ) устувор нашудаанд.

ССЫЛКИ ПО ТЕМЕ
Вокунишҳо ба даргузашти Михаил Горбачёв аз Тоҷикистон

Таърих нишон медиҳад, ки асри ХХ – асри шикасти империяҳо (ҳам классикӣ ва муосир) будааст ва он раванд то ба имруз ҷараён дорад. Агар дар мисоли Лигаи Миллатҳо (нахустин созмони ҷаҳонӣ, пешомади СММ) гирем, то соли 1946 ҳудуди 63 кишвар узви он буданд. Имруз 193 кишвар (ҳамаи давлатҳои соҳибихтиёри дунё) узви СММ ҳастанд. Яъне, аз байн рафтани давлатҳои бузург як раванди табиии ҷаҳонӣ буда, пештар аз сари кор омадани Горбачев оғоз гардидааст. Ба эҳтимоли зиёд соли 2100 дар дунё зиёда аз 400 кишвари соҳибихтиёр пайдо мешаванд…

Дар гуруҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” перомуни марги Муҷибураҳмони Ансорӣ, ки бо таблиғи Толибон машғул буд, баҳси ҷолибе давом дорад. Чанде аз корбарони алоҳида аз ӯ қаҳрамонсозӣ карданд… Албатта ҳар кас барои баёни андеша ҳақ дорад, вале симосозии мусбат аз Ансорӣ, ки ба ҳайси абзори таблиғи андешаи толибонӣ истифода мешуд, ба мо хатарҳои воқеӣ дорад. Таҷрибаи толибонӣ ба кишвари мо (ва ба ҳар кишвари муосир) мувофиқ нест, чун ҷомеаро ба ҷаҳолат меораду бадбахт мекунад ва амнияту суботро аз байн мебарад. Ба ибораи Нитше инсоният аз таърихи гузашта – чизеро намеомузад. Ин нукта барои мо муҳим аст, чун дар асри ХХ ду ҷанги шаҳрвандиро паси сар намудем, ки оқибати онро то имруз эҳсос мекунем.

ССЫЛКИ ПО ТЕМЕ
Ҳалокати Мавлавӣ Муҷибурраҳмон Ансорӣ дар таркиши Ҳирот

Бинобар ин реша давондани андешаи толибонӣ дар ҷомеаи мо хатари зиёд дорад ва нишон медиҳад, ки таҳлилу арзёбиҳои пештар баён шуда дар бораи таҳдидҳо аз таҷрибаи Толибон на сунъӣ, балки воқеӣ ҳастанд. Ҳолати мазкур дар натиҷаи як сол дар қудрат будани Толибон шакл гирифтааст. Аз рӯи иттилои расонаҳо дар қаламрави Афғонистон ҳаракатҳои экстремистӣ таблиғро бо забони тоҷикӣ ва хати кирилӣ роҳандозӣ намудаанд. Агар посухи зеҳнии мувофиқ ба чунин таблиғ ва иқдом рӯи даст гирифта нашавад, пас эҳтимоли зиёд дар ояндаи наздик бо падидаи ҷиддии экстремистӣ рӯ ба рӯ хоҳем шуд.

Дар охири ёддошт зикр менамоям, ки имруз қавӣ намудани арзиши соҳибихтиёрӣ ва худсолории Тоҷикистон муҳим аст, чун таҳдидҳо ба озодии кишвар хусусияти воқеӣ пайдо намудаанд (i). Бо назардошти мавқеи Тоҷикистон нисбат ба Толибон ва эҳтимоли зиёди бад шудани вазъи сиёсию амнияти дар Афғонистон пешгирӣ ва муқовимат ба андешаи толибонӣ ва дигар гуруҳҳои эксремистӣ низ ниҳоят муҳим мегардад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...