Тоҷикистон ба мардуми зарардида аз офати табии Покистон 3 ҳазор тонна маводи озуқавориву масолеҳи сохтмонӣ, ки 12 млн. 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, кумаки башардӯстона ироа кардааст. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин ниҳод гуфтааст, ки кумаки башардӯстона аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, ҳазор тонна ангиштсанг, ҳазор тонна семент ва 2 ҳазор адад шифер иборат мебошад.
Гуфта мешавад, ки корвони мошинҳо бо кумаки башардӯстона фардо ба роҳ мебарояд ва сохтору мақомоти дахлдори кишвар барои то қаламрави Покистон расонидани кумаки ҷудогардидаи башардӯстона вазифадор гардидаанд.
“Таъкид бояд кард, ки иқдоми зикршуда нишондиҳандаи сиёсати башардӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Роҳбари давлати Тоҷикистон мебошад”, – гуфта шудааст дар шарҳи кӯмакҳо.
Ёдовар мешавем, ки бар асари бориши зиёди борон ва ба амал омадани обхезиҳо дар Покистон, ки беш аз як моҳ инҷониб идома доранд, 1265 нафар ба ҳалокат расида, 33 миллион шаҳрванди ин кишвар зарар дидаанд.
Ҳамчунин, беш аз як миллион манзили истиқоматӣ, роҳу пулҳо, дигар иншооти инфрасохторӣ ва заминҳои кишоварзӣ пурра хароб гардидаанд.