Бибикалон Назирова, хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ, ки ҷасадаш моҳи июни соли гузашта дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд пайдо гардид, барои ба худкушӣ расонидани келинаш ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Дар ин бора Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Номбурда гуфт, ки хушдомани духтари марҳумашро рӯзи шанбеи гузашта (3 сентябр) кормандони мақомот дастгир карданд ва додгоҳ имрӯз, 6 сентябр ҳукми то ду моҳ дар боздоштгоҳи муваққатӣ мондани ӯро содир кард.
“Мо дар аввал аз мақомот талаб мекардем, ки агар духтарам худкушӣ кардааст, бояд нафароне, ки ӯро ба худкушӣ расониданд, ҷазо гиранд. Имрӯз, мақомот хушдомани духтари марҳумамро бо моддаи 109 қисми 2 (ба худкушӣ расондан) гумонбар дониста, ба ҳабси пешакӣ гирифт. Наздикони хушдомани духтарам аллакай чанд нафарро миёнарав карда истодаанд, ки ӯро аз ҷавобгарӣ озод кунанд, вале бовар дорам гунаҳкор ҷазои сазовор мегирад”, – гуфт Абдуфатоҳ Мисоқов.
Боз кардани парванда ва то ба ду моҳ ба ҳабс гирифтани хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ дар ҳолест, ки наздикони ӯ чанд маротиба ба мақомот муроҷиат карда, хостори ҷазо додани наздикони шавҳари Манора шуда буданд. Онҳо даъво доштанд ки духтарашон худкушӣ накардааст ва наметавонист, ки худаш дар баданаш 26 корд занад.
Баъдан, Додситонии кулли кишвар тафтиши пешакии далели марги Манораи Абдуфаттоҳ худкушӣ номида буд.
Ин ниҳод гуфта буд, ки бо гузаронидани амалҳои зиёди тафтишотӣ ва экспертизаҳои судии гуногун, муайян карда шудааст, ки сабаби марги ҷавонзан хунравӣ аз 3 ҷароҳати халанда ва бурандаи дар мавзеи гардан ва шикам бардоштаи ӯ гаштааст.
“Захму харошаҳои дигари дар бадани Абдуалимзода М.А. бисёру бо ҳам паралел ва сатҳӣ буда, сабаби марг шуда наметавонанд ва онҳо аз тарафи худи ӯ расонида шудаанд”, – омадааст дар маълумот.
Пайвандону наздикони ҷавонзан ба худкушии ӯ бовар надоранд ва мегӯянд, ки ба гумони ғолиб, ӯро куштаанд.
Манораи Абдуфаттоҳ се фарзанд дошт ва ҳангоми рух додани ин ҳодисаи фоҷеабор шавҳари Манора дар муҳоҷират дар Русия қарор дошт. Оилаи шавҳари зани фавтида аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд. Ҳамчунин, додситонии Файзобод ҳам дар робита ба қазия то ба ҳол шарҳе надодааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.