spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

КДАМ-и Тоҷикистон хабари ҳузури “ҷангиёни ришдори сиёҳпӯш” дар муноқишаи марзиро рад кард

Нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон, бо нашри изҳороти навбатӣ хабарҳои нашршуда дар бораи ҳузури ҷангиёни ришдори сиёҳпӯш дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро рад кард ва гуфт, он аз ҳақиқат дур буда, иғвои навбатӣ аз сӯйи расонаҳои қирғиз аст.

Дар изҳороти сеюми Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, ки имрӯз дар хабаргузории АМИТ “Ховар” нашр шуд, гуфта мешавад, ки кӯшишҳои ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон то соати 11:10-и имрӯз, 16-уми сентябр, натиҷа надодааст.

“Зеро тарафи Қирғизистон муноқишаҳои мусаллаҳонаро идома дода, аз роҳи ҳалли қазия тариқи гуфтушунид сарпечӣ мекунад. Ду маротиба ба оташбаси якҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомиёни қирғиз бо оташкушоии пуршиддат аз тамоми намудҳои силоҳ ҷониби нуқтаҳои аҳолинишин посух доданд», — омадааст дар иттилоия.

Ин ниҳод гуфтааст, ки ба замми ин, ҷониби Қирғизистон тавассути шабакаҳои интернетӣ, дар идомаи муноқиша Тоҷикистонро гунаҳкор карданӣ мешавад, ки асоси воқеӣ надорад.

“Онҳо бо роҳи иғво дар расонаҳои қирғизӣ хабари истифода шудани ҷангиёни ришдорро бо либоси сиёҳпӯши бенишон паҳн кардаанд, ки аз ҳақиқат дур аст. Маҳз аз тарафи низомиёни қирғиз воҳидҳои таъйиноти махсус истифода шуда истодаанд, ки далели собитгардида мебошад”, – гуфтааст ин ниҳод.

Нерӯҳои марзбонӣ мегӯяд, маълумоти иғвоангезе, ки аз ҷониби Қирғизистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида истодаанд, мақсаднок ба мураккабтар намудани вазъият дар хати сарҳади давлатии ду кишвар нигаронида шудаанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
"Қирғизистон пешниҳоди гуфтушуниди сулҳро қабул накард". Изҳороти Қӯшунҳои сарҳадоти КДАМ-и Тоҷикистон

Манбаъ гуфтааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори тариқи гуфтушунид ва бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намудани муноқишаи сарҳадӣ буд ва дар ҳамин мавқеъ устувор боқӣ мемонад

Чанде пештар, Неруҳои марзбонии Тоҷикистон гуфта буд, ки Қирғизистон ду маротиба пешниҳоди гуфтушуниди сулҳро қабул накард ва сарбозони қирғиз аз тамоми намуди силоҳҳои вазнину оташфишони дар ихтиёрашон қарордошта деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, иншооти мулкӣ ва хонаҳои истиқоматиро таҳти гулулаандозӣ ва тирпарронӣ қарор додаанд

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, якбора дар чанд минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон даргирии нав рух дод, ки дар натиҷа як марзбони тоҷик кушта ва чанде захмӣ шуданд.

Мақомоти Қирғизистон аз захмӣ шудани 18 нафар хабар медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...